ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Декабрь 21, 2017 12:02

ДУШАНБЕ, 21.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Даст задан ба кирдору амалҳои ғайриқонунӣ аз падидаҳои номатлубе ба шумор меравад, ки ҳамеша миёни ҷомеа маҳкум карда мешавад. Новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ ҷинояту кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок содир мешаванд, ки ин бевосита аз надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон аст. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон  ҳамарӯза хабар медиҳад, ки чанде аз онро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

Лату кӯби домод бо марг анҷомид

Зимни доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда 19 августи соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматиаш бо домодаш, марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳалокати хурдсол зери чархи мошин

Дирӯз тахминан соати 17:40, ронандаи мошини тамғаи «Газ-2705» Ҷамшеди Файзимад, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Шайнак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Норчаев Абдумуслим, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Шайнакро пахш намудааст, ки дар натиҷа хурдсол Норчаев А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба шавҳар баромадани зан боиси суиқасд ба куштор гардид

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 41-солаи сокини деҳаи Қӯштеппаи шаҳри Панҷакентро ҳамчун гумонбар дар суиқасд ба куштор дастгир намуданд, ки номбурда аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Федератсияи Россия баргашта, хабардор шудааст, ки ҳамсараш, зани 32-сола ба сокини ҷамоати деҳоти Х.Ҳасани шаҳри мазкур ба шавҳар баромадааст.

Номбурда 25 ноябри соли равон аз ҳиссиёти рашк дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур бо корди хоҷагӣ бо мақсади ба қатл расонидан якчанд маротиба ба аъзои бадани ин зан задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Дуздии беш аз 16 ҳазор сомонӣ аз ҷониби донишҷӯ

Ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб зани 28-солаи сокини шаҳраки Москва муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2017, шахсони номаълум ба тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 19000 рубли Федератсияи Россия, 500 доллари амрикоӣ ва 3550 сомонӣ, ҷамъ 16 ҳазору 800 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 21-солаи сокини ноҳияи Восеъ, донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Кӯлобро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Декабрь 21, 2017 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид