ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 26.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Даст задан ба кирдору амалҳои ғайриқонунӣ аз падидаҳои номатлубе ба шумор меравад, ки ҳамеша миёни ҷомеа маҳкум карда мешавад. Новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ ҷинояту кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок содир мешаванд, ки ин бевосита аз надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон аст. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад, ки чанде аз онро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.
Дуздии ҷавоҳирот аз ҷониби духтарони донишҷӯ
Ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зани 28-солаи сокини шаҳраки Меҳрободи ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 23 декабри соли ҷорӣ, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоиро, ки арзишашон 18800 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 18-солаи сокини деҳаи Хитойи ноҳияи Ҷ.Расулов, донишҷӯи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ва ҷавондухтари 19-солаи ноҳияи мазкур, донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.
Бо корд захмӣ намудани ҳамзист
Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 47-солаи сокини шаҳри Исфара, миллаташ қирғиз, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 24 ноябри соли равон дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамзисташ, марди 53-сола, миллаташ рус, машрубот истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миёномада ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 1 маротиба ба шиками ӯ задааст. Дар натиҷа марди номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Авбошӣ бо куштор анҷомид
Ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Ҳисор ҷавонписари 18-солаи сокини деҳаи Ҳуҷуми шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 25 декабри соли равон, тахминан соати 09:30 бародарон- марди 22-сола ва ҷавонписари 18-солаи истиқоматкунандагони ноҳияи Шаҳринав ба хонаи истиқоматашон омада, бе ягон асос ӯро лату кӯб карда, модараш — зани 64-соларо бо лагат задаанд.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гумонбаршудагон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуда, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.
Қаллобиҳо бо истифода аз боварӣ
Зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда моҳи марти соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ 1 адад мошини тамғаи «Хундай-Чениес» ва 1600-доллари амрикоиро ба маблағи 24600 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин ба шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 43-солаи сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 1 январи соли 2010, марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабобод, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 38000 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбат ба ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.