Зиёда аз 580 нафар сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ савганд ёд карданд
ДУШАНБЕ, 13.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии «Ҳалқаёр»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 580 нафар сарбозони даъвати тирамоҳии соли 2017 бо баровардани байрақи ҷангӣ дар маросими тантанавӣ савганд ёд карданд.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои номбурда, дар маросими тантанавии савгандёдкунӣ роҳбарияти ноҳияи Панҷ, қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳайати шахсии маркази таълимӣ, собиқадорон, падару модарон ва меҳмонон иштирок намуда, дар таҳсилу хизмати оянда ба наваскарон муваффақият орзу намуданд. Зикр гардид, ки мубориза бар зидди ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ, бахусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар афсару сарбоз омодагии доимии ҳарбиро тақозо менамояд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ- ин садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ мебошад.
Хизмат ба Ватан бояд барои ҳар сарбозу афсар ифтихору шараф бошад ва онҳо Ватанро ҳамчун модари худ дӯст дошта, мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.









Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






