ҚАДАМИ МУБОРАК. Ҳар сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он гӯшаи диёр файзу баракат ва нусрати тоза меорад

Январь 26, 2018 16:40

ДУШАНБЕ, 26.01.2018. /АМИТ «Ховар»/.  «Ҳар сафари кории Сарвари давлат ба ин ё он гӯшаи диёр муждаи тоза аз корҳои ободонию бунёдкорист. Қадами мубораку фархундаи Пешвои миллат ба ҳар маҳал файзу баракат ва нусрати тоза меорад», — омадааст  дар гузориши тозаи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  фаъолияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2017. Гузориши мазкур 24 январ дар як вақт дар сомонаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АМИТ «Ховар» ба забонҳои тоҷикию русӣ нашр гардид ва аллакай бисёр воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷи мамлакат дар маводи гуногун ба он истинод ва қисматҳои алоҳидаи онро иқтибос намуданд.

Дар ин гузориш  дар бораи  самтҳои гуногуни фаъолияти  Пешвои миллат  дар тӯли соли 2017 сухан меравад. Аз ҷумла, дар бораи сафарҳои Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон чунин  навишта  шудааст:

Соли 2017 бо мақсади шиносоӣ аз вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои мамлакат сафарҳои корӣ анҷом доданд. Ҳар як сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо,   мулоқоту суҳбатҳои самимии Сарвари давлат бо мардум рӯҳияи онҳоро барои ба мамлакати пешрафта мубаддал кардани Тоҷикистон баланд мебардорад.

Давоми соли 2017 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 22 маротиба ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 2 маротиба ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва як маротиба ба ноҳияи Дарвози ВМКБ сафари корӣ анҷом доданд. Ҳадафи аслии ҳамаи сафарҳои Пешвои миллат ба гӯшаву канори мамлакат шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳар сафаре, ки Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ анҷом медиҳанд, бешак, ба раванди бунёдкориву ободсозӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ҳалли мушкилоти мардум ва рушди баробари минтақаҳои Тоҷикистон мусоидати амиқ менамояд.

Мусаллам аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат бо ҷаҳду талошҳои пайваставу бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ободу зебо мегарданд ва шароити зиндагии сокинон рӯз аз рӯз беҳтар мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат дар баробари дигар соҳаҳо, ба рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд, ки дар натиҷа дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ, аз ҷумла, мактабҳои президентӣ барои лаёқатмандон, боғчаҳои кӯдакона, беморхонаву клиника ва амсоли инҳо бунёд ва таҷдид карда шуданд. Дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 2500 бинои муассисаи таълимӣ ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардида, дар ҷумҳурӣ 161 муассисаи шакли нав, аз ҷумла, 85 гимназия ва 65 литсей фаъолият доранд. Инчунин дар ин давра 9 мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар онҳо ҳамаи шароити муосири таълиму тарбия муҳайё карда шудаанд.

Ҳукумати мамлакат тандурустии аҳолиро сарвати миллӣ эълон карда, дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат бунёд ва таъмиру навсозии зиёда аз 1000 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла, беморхонаву марказҳои тиббӣ, марказҳои ташхису табобат ва дармонгоҳу осоишгоҳҳоро анҷом дода, онҳоро бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин гардонид.

Соли 2017 Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ сафарбар кард. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ заминаҳои мусоид муҳайё гардида, стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ мегарданд. Тайи ду соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020” ворид гаштаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд. Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда, дар ин давра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, дар солҳои 2018-2020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ дар нақша аст. Соли 2017 барои саноатикунонии мамлакат бо бунёди Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд қадами муҳим гузошта шуд. Дар 25 соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ таъсису барқарор карда шуданд. Яъне агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба беш аз 2100 расидааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябри соли 2016 дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ба таври муқоисавӣ таҳлил намуда, зикр карданд, ки саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯан инкишофёфта ва бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, беш аз 140 навъи маҳсулот истеҳсол мекунад, ки ба соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, аз ҷумла, металлҳои қиматбаҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ доранд. Танҳо дар самти коркарди пахта дар даврони соҳибистиқлолӣ дар миқёси ҷумҳурӣ даҳҳо корхонаҳои нав бунёд шуда, иқтидори коркарди нахи пахта аз 28 ҳазор тоннаи соли 1991 ба беш аз 100 ҳазор тонна расонида шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи босамари ҳадафи дигари Ҳукумати мамлакат-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ пайваста зимни ҳар сафари корӣ ба манотиқи кишвар барои бунёду обод сохтани роҳҳо дастуру супоришҳои муфид дода, барои татбиқи он заминаҳои муфид мегузоранд. Ҳамин аст, ки дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳ, 240 пул ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии беш аз 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Инчунин 190 километр роҳи оҳан сохта шуд.

Тибқи гузориши Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017 нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7,1 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 61,1 миллиард сомонӣ баробар гардид. Тибқи дурнамо, дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонда мешавад. Дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Қисми даромади Буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз Буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст.

Бояд гуфт, ки бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва стратегии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат ҳамеша бар он мекӯшанд, ки сохтмони иншооти соҳа дар тамоми манотиқи мамлакат вусъат дода шуда, дар муддатҳои кӯтоҳтарин истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ пурра таъмин гардад. Чунки бо татбиқи ин ҳадафи стратегии  давлат имкон фароҳам меояд, ки Тоҷикистон  дар  ояндаи  наздик  ба давлати содиркунандаи  неруи  барқи  арзону аз  ҷихати  экологӣ  бехатар ва қаламрави  транзитӣ  табдил   ёфта, тадриҷан  дар  сохтори муносибатҳои иқтисоди  ҷаҳонӣ  мавқеи  шоиста  пайдо  намояд. Дар ин самт, аллакай қадамҳои устувор гузошта шудаанд, ки бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои гидроэнергетикии мамлакат бо дастури Пешвои миллат шурӯъ аз соли 2017 маҳдудияти неруи барқ дар саросари ҷумҳурӣ пурра бардошта шуд.

Тазаккур додан бамаврид аст, ки пешвози самимонаи Пешвои миллат аз сӯи сокинони манотиқи ҷумҳурӣ ва мулоқотҳои самимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки мардуми Тоҷикистон ба сафарҳои Пешвои муаззами хеш, ки ҳар кадоми онҳо аз ободии диёр ва пешрафту шукуфоӣ мужда медиҳанд, таваҷҷуҳ ва самимияти хос доранд. Арҷгузорӣ ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳу субот ва пешрафти ҷумҳурӣ аз садоқати сокинони мамлакат нисбат ба Президенти худ гувоҳӣ медиҳад.

Бекназари АБӮБАКР,

АМИТ «Ховар»

Январь 26, 2018 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Ҷумҳурии Арабии Миср дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон шинос гардид
Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол гардид
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок доранд
Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад