Ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт
ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода, олимону муҳаққиқон ва рӯзноманигорон таҳти унвони «Эҳёи Сада ва аҳамияти таҷлили он» конфронс баргузор гардид.
Дар конфронс Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зикр намуд, ки «Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод буда, дар аҳди қадим хеле пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст. Таҷлили ин ҷашни аҷдодӣ имкон медиҳад, ки ҳувияти миллӣ қавитар гардида, насли имрӯз аз анъанаҳои неки ниёгон бархурдор гардад».
Муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов иброз дошт, ки Садаро, ки дар меҳвари асосии он оташ меистад, ҷашни оташ низ номидаанд.
«Ниёгони мо чунин тасаввур мекарданд, ки оташ як порае аз офтоб аст, зеро он ҳам нур ва ҳам гармӣ медиҳад. Ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намуда, онҳоро ситоиш созанд. Агар Хуршед бо гармии нури худ ва фурўзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузоштанд. Баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфта, дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо карданд»,-изҳор намуд Дилшод Раҳимов.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






