Ассотсиатсияи сайёҳӣ-экологии Помир соли равон барои сайёҳон хатсайри нав мекушояд
ХОРУҒ, 25.1.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Ассотсиатсияи сайёҳӣ- экологии Помир соли равон дар минтақаи Помири Шарқӣ боз як хатсайри нав кушода мешавад. Ба иттилои раиси ин Ассотсиатсия Асадшо Зоолшоев, дар минтақаи мазкур кӯлҳои зиёд бо манзараҳои зебо, даштҳои фарох, ҳайвоноти нодиру растаниҳои камёфти шифоӣ, пайроҳаҳои пурпечу тоби кӯҳӣ мавҷуданд, ки мисли онҳо дар манотиқи дигари олам нест. Аз ин рӯ бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ маҳз ҳамин хатсайрро интихоб мекунанд.
Соли гузашта ба Бадахшон наздик ба 2,5 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ сафар намуда, беш аз нисфи онҳо бо хатсайри Мурғоб-Аличур-Булункӯл-Қарокӯл ҳаракат намуданд. Тирамоҳи соли гузашта кормандони Ассотсиатсия бо ҷалби чанд нафар сайёҳони хориҷӣ ба таври озмоишӣ хатсайри Яшикӯл-Зароҷ-Сарез таҳия намуда, дар давоми чаҳор рӯз пиёда ин пайроҳаро тай намуданд. Пас аз аз ин сафар пайроҳаи мазкур ба хатсайри сайёҳӣ ворид карда шуд.
Бо кушода шудани хатсайри нав теъдоди сайёҳон рӯ ба афзоиш мениҳад. Зеро дар натиҷаи ташвиқу тарғиби мутахассисони Раёсати сайёҳии вилоят ва ширкатҳои сайёҳӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ сокинони кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар бораи асрори пайдоиши яке аз баландтарин кӯлҳои ҷаҳон-Сарез, оби мусаффо ва манзараҳои афсунгари он маълумоти зиёд пайдо намуданд.
Ҳамасола барои дарёфти ҷоиза ба созмонҳои ҷаҳонии сайёҳӣ давлатҳои мухталиф маконҳои ҷолиб ва дидании худро пешниҳод мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чанд номгӯй ҷойҳои тамошобобро барои дарёфти ҷоиза пешниҳод кард ва ду сол пай дар пай кӯҳҳои Помир сазовори ҷоизаи беҳтарин макони сайёҳӣ гардиданд.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад






