Ба фаъолият оғоз намудани Маркази равандҳои экзогенӣ-геологӣ метавонад сокинонро аз хавфи ин гуна хатарҳо огоҳ созад
ДУШАНБЕ, 29.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида Маркази равандҳои экзогенӣ-геологӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар замони наздик баъди гирдоварӣ ва ҷамъбасти маълумот оид ба ин раванд дар оянда метавонем сокинони мамлакатро аз хавфи ҳама гуна равандҳои экзогенӣ-геологӣ огоҳ сохта, онҳоро пешгирӣ намоем. Ин нуктаро имрӯз директори Саридораи геология Заробиддин Файзуллозода дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» дар нишасти матбуотии ин ниҳод зикр намуд.
Заробиддин Файзуллозода дар идома иброз дошт, ки дар Марказ рақамикунонии харитаҳои равандҳои экзогенӣ-геологии ҷумҳурӣ, харитаҳои инкишофёбии тармаҳо ва харитаи ҷойгиршави пармачоҳҳо ба роҳ монда шуда, айни замон ҷамъоварии маълумот дар ин бора идома дорад.
Дар нишаст зикр карда шуд, ки дар ин давра Фонди иттилооти геологии Саридораи геология ба ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи тартиби муқараргардида оид ба омӯзиши геологии конҳо 58 маълумоти омӯзишӣ омода ва пешниҳод намудааст.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






