БАЗМИ БАҲОРИ ЧИНӢ ДАР ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН! Дар Душанбе ба ин муносибат консерти идонаи Оркестри созҳои халқии ҶМЧ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. 5 феврали соли равон, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти идонаи Оркестри созҳои халқии Театри миллии опера, рақс ва драмаи чинии «Роҳи абрешим» баргузор мегардад.
Барномаи консертӣ таҳти унвони «Ганҷинаҳои миллӣ» ба Соли нави чинӣ- Базми баҳор бахшида шуда, он аз ҷониби Фонди миллии санъати Чин бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, оркестри созҳои халқии Театри миллии опера, рақс ва драмаи чинӣ 50 сол инҷониб фаъолият дошта, дар дохилу хориҷи Ҷумҳурии Мардумии Чин шуҳрат ба даст овардааст. Оркестр тавонистааст, ки мусиқии анъанавии халқӣ ва мусиқии замонавии навро бо ҳам тавъам созад ва усули нотакрори худро офарад.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории консерти идонаи мазкур 6 феврал дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор низ дар назар аст.
Ташкилкунандагон нақша доранд, ки барномаи консертиро барои сокинони шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Тошканд низ намоиш диҳанд.









Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






