Беҳтарин оилаҳои ҷавони Тоҷикистон муайян шуданд

Январь 3, 2018 16:01

ДУШАНБЕ, 03.01. 2018./АМИТ «Ховар»/. Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҷавон» дар арафаи Соли нави мелодӣ дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ҷамъбаст гардид.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҷавон»-ро эълон намуда буд.

Мақсади баргузории озмунро масъулин дар баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солим, омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, таҳкими заминаи мусоид баҳри пойдории оилаҳои ҷавон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили вайроншавии оилаҳои ҷавон, никоҳи бармаҳал ва хешу таборӣ, зӯроварӣ дар оила ва дар маҷмӯъ, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон, сарфаву сариштакорӣ ва муаррифии намунаҳои беҳтарини оилаҳои ҷавон арзёбӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни «Беҳтарин оилаи ҷавон» дар се давр доир гардида, даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо ва даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 11 оилаи беҳтарин аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Роғун, Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Рашт ва Тоҷикобод ширкат доштанд.

Озмун аз рӯи 6 шарт-муаррифии оила, бахшҳои рӯзгордорӣ, маънавӣ ва андарзӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, намоиши ҳунарҳои дастӣ ва бахши ҳаҷвӣ доир гардида, ҳар яке аз оилаҳои ҷавон беҳтару хуштар ва бо завқи баланд ҳунарнамоӣ карданд.

Ҳайати ҳакамон маҳорату малака ва истеъдоди ҳар як оилаи ҷавонро баҳогузорӣ намуда, ҷойи аввалро ба беҳтарин оилаи ҷавон аз ВМКБ- Ғолиб Ниятбеков ва ҳамсараш Гуландом Назармамадова, ҷойи дуюмро ба оилаи Носирҷон Маъмурзода ва ҳамсараш Ҳангомаи Исмат аз вилояти Хатлон ва ҷойи сеюмро ба оилаи Оятулло Муродзода ва ҳамсараш Шаҳло Ғаффорова аз ноҳияи Варзоб муносиб донистанд.

Ғолибони озмун ва иштирокчиён бо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Январь 3, 2018 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст