«Бонувон-эҳёгару идомабахши фарҳанги миллии ниёгон»-ҳамоиш дар ноҳияи Нуробод

Январь 25, 2018 10:32

НУРОБОД, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки занону духтарони фаъоли ноҳия таҳти унвони «Бонувон-эҳёгару идомабахши фарҳанги миллии ниёгон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Нуробод Шаҳнозаи Шукрихудо иттилоъ дод.

Дар ҷамъомад бонувони гуногункасб иброз намуданд, ки дастгирию ғамхориҳои пайвастаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро водор месозад, ки барои аз нав эҳё кардани ҳунару анъанаҳои хосси занони ноҳия саъю кӯшиши худро равона созанд. Занони фаъол изҳор намуданд, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили санъати чакандӯзӣ, қарамадӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, шерозбофӣ ва дигар ҳунарҳо саҳм гузошта, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Шаҳнозаи Шукрихудо зикр намуд, ки бо мақсади ҷалби бештари занони хонанишин ба кор, соли сипаригашта аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти Сафедчашма ва шаҳраки Дарбанд курсҳои  омӯзишии қолинбофӣ ва адрасбофии дастӣ ташкил карда шуданд. Дар онҳо зиёда аз 80 нафар занону духтарони хонанишин  соҳиби касб ва 8 нафар занони бекор бо шуғли доимӣ таъмин гардиданд.

Инчунин дар Муассисаи давлатии Маркази таълимии касбомӯзии ноҳия 524 нафар занон бо ихтисосҳои «Ошпаз», «Бофанда» (адрасбоф), «Гулдӯз», «Фермер-соҳибкор»  ба омӯзиш ҷалб гардидаанд.

То имрӯз аз ҳисоби хатмкардагони касби дӯзандагӣ 188 нафар бону дар ҳудуди ноҳия ба кори хонагии  дӯхтани либосҳои занона машғул мебошанд.

 

 

Январь 25, 2018 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад