Чаро Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ ширкат намекунад?
ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврали соли равон дар шаҳри Пёнчанги Ҷумҳурии Корея маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ баргузор гардида, он то 25 феврал идома меёбад. Дар бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз рӯи 15 намуди варзиш наздик ба 2900 варзишгар аз 90 давлати дунё иштирок мекунанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 иштирок намекунад.
Ба иттилои манбаъ, бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ дастаи лижаронии Тоҷикистон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ дар ҳайати 6 нафар таъсис дода шуда, ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани имтиёзҳо сафарбар гардид. 4 нафари онҳо аввали сол дар Бозиҳои зимистонаи Осиё, ки дар шаҳри Саппорои Япония баргузор шуд, иштирок карда, натиҷаи хуб нишон доданд.
Тибқи нақша даста бояд дар 50 мусобиқа иштирок мекард, вале бо сабаби номусоидии ҳаво 20 мусобиқа дар ҷумҳуриҳои Покистон, Ҳиндустон ва Эрон доир нагардиданд, ки боиси холи зарурӣ ба даст наовардани варзишгарони тоҷик шуд. Аз ин рӯ дастаи Тоҷикистон наметавонад дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 иштирок кунад.
Гуфта мешавад, ки ҳоло ду варзишгари тоҷик бо имконияти маҳдуд дар Ҷумҳурии Германия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тамрин мекунанд. Дар назар аст, ки онҳо рӯзҳои наздик барои иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ сафарбар гарданд.








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






