Дар Душанбе Фестивали гурӯҳи эҷодии кӯдаконаи «Ҳафтранг» баргузор мешавад

Январь 18, 2018 16:41

ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 19 январи соли равон соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Фестивали гурӯҳи эҷодии кӯдаконаи «Ҳафтранг» баргузор мегардад.

Фестивал бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Тавре   аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барномаи консертӣ дар радифи дигар дастпарварони студияи «Ҳафтранг», ғолибони озмуни телевизионии «Бо тамоми овоз», ки дар Федератсияи Россия баргузор гардида буд, Амал Ҳафизова, Дилноза Абдуалимова, Томирис Илназарова ва Некруз Зребунов ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар фестивали мазкур инчунин ҳунарнамоии ҳунарпешагон Таҳмина Рамазонова-роҳбари студияи «Ҳафтранг», Зафар Абдуалимов, Баха-84 ва Мадина Ақназарова дар назар аст.

 

 

Январь 18, 2018 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад