Дар Ишкошим барои мутахассисони ҷавон бинои 24-ҳуҷрадори истиқоматӣ бунёд мегардад
ХОРУҒ, 5.1.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Ишкошим сохтмони бинои истиқоматӣ барои 24 оилаи ҷавон оғоз ёфт. Биноро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «БМД» бунёд намуда, маблағгузории онро, ки 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад. Ин хонаҳои истиқоматӣ асосан барои мутахассисони ҷавон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудаанд.
Сардори Раёсати иқтисоди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Латиф Шоҳзода гуфт, ки «Ҳукумати ҷумҳурӣ дар чанд соли охир ба масъалаи бо манзил таъмин намудани сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мекунад. Бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шароити манотиқи кӯҳистон шумораи оилаҳоеро, ки ба манзил ниёз доранд, коҳиш медиҳад. Аз сӯи дигар, бештари ин биноҳо дар замини бекорхобида сохта мешаванд ва деҳқонон аз боғу киштзори худ маҳрум намемонанд».
Ба гуфтаи сардори Раёсати иқтисоди вилоят, танҳо дар шаҳри Хоруғ беш аз 500 оила барои гирифтани хона дар навбат мебошанд. Аз ин рӯ Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли ҳарчи зудтари ин масъала ба бунёди биноҳои баландошёна оғоз намуд.
Дар вилоят тирамоҳи соли гузашта ду бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шуданд ва ҳамзамон бинокорон ба бунёди бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ шурӯъ карданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






