Дар меҳвари Паёми Пешвои миллат фарҳанг ва маърифати баланди худшиносии инсонҳо қарор дорад

Январь 15, 2018 08:39

РОҒУН, 15.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт, ки ин барои зиндагии шоистаи мардум ва таъмини рушди босуботи мамлакат кумак менамояд. Дар ин бора директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ   Саидалӣ Сиддиқ дар мулоқот бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Қади об, Сичароғ, Оби гарм ва маркази шаҳри Роғун изҳори ақида намуд.

Саидалӣ Сиддиқ гуфт, ки соли 2018 барои миллати тоҷик соли бобаракат аст, чунки дар ин сол таҳти роҳбарии Пешвои миллат нахустин агрегати НБО-и «Роғун» ба истифода дода мешавад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба истиқлолияти энергетикӣ дастёб мегардад.

Ҳамчунин дар вохӯриҳо аъзои дигари ин гурӯҳи таблиғотӣ-профессори кафедраи фалсафа ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Бобоҷон Самиев, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии забоншиносӣ ва тарҷумонии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Сафар Шосаидзода, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамс Темурзода, ноиби раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова ва устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Ғолибҷон Турсунов оид ба зарурати расонидани муҳтаво ва шарҳу эзоҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум,  муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои  стратегии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нишондодҳои Паёми Пешвои миллат,  «НБО Роғун»- ҳадафи олии рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон,  муайян намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», саҳми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дипломатияи об дар сайёра, шарҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», ҷалби мардум ба ҳунарҳои миллӣ ва ба ин восита, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, даъвати аҳолӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ, омодагиҳо ба ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, истифодаи самараноки қувваи барқ, нагаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, хавфи оқибатҳои номатлуби коррупсия, роҳҳои пешгирии нашъамандӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу субот, ҷалби занону духтарон ба илм омӯзию касб омӯзӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкорӣ ибрози назар намуданд.

Зимни баргузории мулоқотҳо сокинони деҳоти зикршуда, аз ҷумла,  Мирзомуддин Аминов ва Абдураҳим Қозиев ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини суботу оромӣ дар ҷомеа, ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми кӯҳистон, алалхусус оилаҳои камбизоат ва ашхоси бемору бепарастор арзи сипос намуда, изҳор доштанд, ки тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷиҳати бехатарии маҳсулоти хӯрокӣ дар мағозаву бозорҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат ва ба фарҳанги воло раҳнамун кардани мардуми мамлакат равона гардидаанд, ки мо онҳоро пурра ҷонибдорем, зеро дар меҳвари ин қонунҳо ва Паёми Пешвои миллат фарҳанг ва маърифати баланди худшиносии инсонҳо қарор гирифтаанд.

 

Январь 15, 2018 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид