ДАРВОЗАИ ДАВЛАТ. 22 январ-Рӯзи мақомоти гумруки Тоҷикистон

Январь 22, 2018 15:35

«Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулода дорад ва гузашта аз ин, дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

 ДУШАНБЕ, 22.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 январ ҳамчун Рӯзи мақомоти гумруки Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Мақомоти гумруки ҷумҳурӣ зодаи даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар шароити душвору вазъи сиёсии соли 1992  таъсис дода  шудааст.

Пайдоиши гумруку ташаккули фаъолияти гумрукиро ба пайдоиши давлатҳо, сарҳадоти онҳо ва ташкили бозорҳои дохиливу хориҷӣ нисбат медиҳанд.

Ҳанӯз дар асрҳои VII – VI пеш аз мелод фаровонии мол, заминҳои ҳосилхези киштбоб, захираҳои маъдани Осиёи Миёна боиси фаъол гаштани муносибатҳои тиҷоратӣ гардиданд. Додугирифти савдо миёни қавму халқиятҳои гуногун равнақ мегирифт. Аҷдодони мо аз рӯи маҳали ҷойгиршавиашон чун пули пайвасткунанда миёни кишварҳои Машриқзамин, аз қабили Ҳиндустону Чин ва мардумони минтақаи назди Волгаю Қазоқистон, Сибиру Аврупои Шарқӣ дониста мешуданд. Корвонҳои пур аз мол бевосита аз қаламрави Осиёи Марказӣ мегузаштанд.

Бесабаб нест, ки инкишоф ва равнақи савдо сабабгори ба вуҷуд омадани низоми андозбандӣ, аз ҷумла, муайян намудани боҷу хироҷи гумрукӣ ва пайдоиши мақомоти боҷгир гардидаанд. Бори нахуст боҷу хироҷи сарҳадӣ бо номи «боҷи дарвоза» ва дигар намуди андозҳо ҷорӣ карда шуданд.

Дар давраи давлатдории Сомониён, ки бо низоми хуби идоракунии давлатиаш маъруф буд, бо кишварҳои Аврупову Араб, Туркия, Ҳиндустону Чин робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ барқарор карда шуданд. Тоҷирони ин давлатҳо дар Самарқанду Бухоро намояндагиҳои доимӣ доштанд. Дар ин давраҳо навъҳои мухталифи андоз ва боҷу хироҷ ҷорӣ карда шуданд.

Дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна ягона гузаргоҳи гумрукии ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ назораткунанда дидбонгоҳи гумрукии Тирмиз буд.

Бояд зикр кард, ки 7 апрели соли 1987 шуъбаи оперативии назорати гумрукии «Панҷи Поён» таъсис дода шуд, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ба гумруки Тирмиз тобеъ буд.

22 январи соли 1992 бо таъсиси Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси хадамоти гумруки имрӯза гузошта шуд.

Ҷараёни барқароршавии мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ба шароити хеле мурраккабе рост омад, ки бесарусомониҳои сиёсии дохилӣ ба содироти беназорати арзишҳои моддии асоси иқтисодиёти давлатро ташкилкунанда мусоидат намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин шуда дар байни давлатҳои ИДМ Кодекси гумрукӣ ва Қонун «Дар бораи тарифи гумрукӣ»-ро таҳия ва ба нашр омода сохт ва он  дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ ҳамовозӣ ёфта, тасдиқ гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрукӣ ва иштирокчии як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи гумрук мебошад.

Соли 2004 Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид, ки он  дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи умумибашарӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ барои рушду такомули заминаҳои ҳуқуқии соҳа марҳилаи сифатан нав ба шумор меравад.

Дар амал ҷорӣ гардидани Кодекси нав яке аз омилҳои асосии инкишофи иқтисодиёти мамлакат гашта, барои пурра кардани буҷети давлат, фаъолгардонии соҳибкорӣ ва тиҷорат, инчунин ҷалб намудани инвеститсияи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Дар шароити имрӯзаи рушди иқтисоди бозаргонӣ ба зиммаи Хадамоти гумрук танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гузошта шудааст, ки аз кори он инкишофи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, густариши соҳибкорӣ, аз ҷумла, тиҷорати хурд ва миёна вобастагии қавӣ дорад.

Бояд тазаккур дод, ки баҳри бартараф намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва пешгирии дигар ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ кормандони Хадамоти гумрук пайваста тадбирҳои зурурӣ меандешанд. Мақомоти гумрук баҳри осон гардонидани расмиёти содиротию воридотӣ ва таъмини шаффофияти амалиёти барасмиятдарории гумрукӣ корҳои назаррас ба анҷом расонданд. Хусусан дар самти барасмиятдарории саривақтии гумрукӣ, аз байн бурдани монеаҳое, ки ҳангоми воридоти молҳо аз хориҷи ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасиданд, тартиби декларатсия кардани молҳо ва сода гардонидани расмиёти гумрукӣ мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда ва ҳуҷҷати ягонаи маъмурӣ, ки дар мамлакатҳои Аврупо истифода шуда, ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонист,   корҳои зиёд татбиқ гардиданд.

 

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

Январь 22, 2018 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст