«Гӯишҳои мардумии тоҷикон дар «Шоҳнома» – шарҳи матбуот

Январь 18, 2018 15:45

ДУШАНБЕ 18.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи «Ҷумҳурият» (15.01.2018,№11) дар шумораи навбатӣ матни фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Раиси Ҳукумати мамлакатро оид ба тағйироти кадрӣ дар як қатор сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ ба нашр расонида, аз мубодилаи барқияҳои табрикӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон  Сооронбой Жээнбеков ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат хабари муфассал чоп кардааст. Ҳамчунин дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат мақолаҳои «Паём раҳнамои ободӣ ва осудагист», «Фардо аз имрӯз дурахшонтар аст», «Ҳунарҳои мардумӣ ва нақши онҳо дар афзоиши нуфузи миллат», «Муқовимати мафкуравӣ самари дигар дорад» пешкаши хонандагон шудаанд.

«Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ – обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад», — бо ҳамин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (16.01.2018,№12-13) ба дасти хонандагон расидааст. Нашрия оид ба мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Тоҷикистон Найтхарт Хёфер Виссинг, баргузор шудани конференсияи сайёҳӣ дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ – омили пешрафти иқтисодиёти миллӣ»,  қарор дар бораи гузаронидани озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ, инчунин зери рубрикаи «Як сатр» оид ба воқеаҳои муҳими ҷаҳон хабарҳо нашр кардааст. Мақолаи «Душанбе, бардошт аз соле, ки гузашт» аз дастовардҳои роҳбарияти нави шаҳри Душанбе дар як соли охир нақл мекунад. Муаллифи мақола танзими ҳаракати нақлиёти мусофирбар, бунёди истгоҳҳои намунавӣ, ҷорӣ шудани навбатдории шабонарӯзии роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, таъмини сокинон бо оби тоза ва гармӣ дар фасли тирамоҳу зимистон, бунёди боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ифтитоҳи марказҳои нави савдо ва муассисаҳои таълимӣ, бозорҳои нав, коҳиши шабгардии ноболиғон, бародаршаҳри нави Душанбе эълон шудани шаҳри зебои Ашқободро муваффақиятҳои роҳбарияти пойтахт номидааст. Мақолаи «Гӯишҳои мардумии тоҷикон дар «Шоҳнома» зарбаи обдорест ба даҳони он нафароне, ки умри ҳазорсолаҳо доштани забони тоҷикиро эътироф кардан намехоҳанд. Ин дар ҳолест, ки забони сокинони Тоҷикистон ҳамон забонест, ки дар асари ҷаҳониву ҷовидонаи «Шоҳнома» истифода шудааст. Муаллифи мақола навиштааст: «Дар поёни ин дарёфтҳо баҷост ёдоварӣ шавад, ки забони тавонои тоҷикӣ (форсӣ) ҳазору дусад сол пештар аз забони англисӣ афзори гуфтору навиштори давлатдориву сухангустарӣ будааст… Ҳамин аст яке аз тобишҳои забони  тоҷикӣ, ки нишонгари бузургиву тавонмандии он мебошад».

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (16.01.2017,№7) оид ба суҳбату вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ҷиҳати тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ хабарҳои муфассал нашр кардааст. Ҳамчунин мақолаҳои «Алҳазар аз фарҳанги бегона», «Қадамҳои боэътимод дар ҷодаи рушди саноати миллӣ», «Тарошаи аз бом афтида» аз ҷониби хонандагони нашрия ба хушӣ пазируфта хоҳанд шуд.

Нашрияи русзабони «Народная газета» матни барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон  Сооронбой Жээнбековро ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни ду давлати ҳамсоя чоп карда, мақолаҳои «А.Абдуллозода: Соли ҷавонон соли таърихӣ буд», «Терроризм – вабои асри 21», «Сайёҳии ватаниро рушд медиҳем» пешниҳоди хонандагон намудааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» мақолаҳои «Давлат бе сиёсат намешавад», «Ҳунар зинати зан аст», «ДРОН – аслиҳаи нави террористӣ», «Гирди номи падар чӣ мегардӣ!», «Баҳонасозиҳо то ба кай?», «Сада мазҳари равшаноист», «Дар Тоҷикистон ҳеҷ як маҳдудияти мазҳабӣ вуҷуд надорад», «Рушди гидроэнергетика – раҳоӣ аз чандин мушкилот»-ро чоп кардааст, ки мавзӯъҳои муҳими рӯзро инъикос кардаанд.

 

 

 

 

 

Январь 18, 2018 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд