Кумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳ мекунад: мошини «Опел» аз беэҳтиётӣ ба ҷарии 7-метра фурӯ рафт

Январь 18, 2018 10:32

ДУШАНБЕ, 18.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тағйири ногаҳонии боду ҳаво вазъиятро дар роҳҳои кӯҳӣ хеле мушкил кард ва сабаби  садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо шуд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баъди бориши зиёди барф дар роҳҳои кӯҳӣ яхбандӣ мушоҳида гардид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз эҳтимолияти он пешакӣ хабар дода, шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакатро  огоҳ карда буд.

«Мутаассифона, ҳарчанд борҳо ронандагонро ба эҳтиёкориву риояи қоидаҳои ҳаракат даъват карда будем, боз ҳам на ҳамаи онҳо ин огоҳиҳоро шунидаанд. Чунончӣ, сокини деҳаи Навдии ноҳияи Рашт ҳангоми ҳаракат низоми ҳаракатро тибқи қоида риоя накарда, аз уҳдаи идораи мошини тамғаи «Опел»  набаромад, ки дар натиҷа мошин ба ҷарии 7-метра фурӯ рафт. Сабаби он риоя накардани қоидаи мошинронӣ дар роҳҳои яхбаста буд»,-хабар дод манбаъ.

Барои бартараф намудани оқибати ин садамаи нақлиётӣ ба ҷойи ҳодиса воҳиди махсуси вокуниши фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва  мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Рашт расид. Наҷотдиҳандагон бо истифода аз  автокран мошинро аз чуқурӣ берун кашиданд. Хушбахтона, ронанда ва мусофиронаш зарари ҷиддӣ надида будаанд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, то 19 январи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимолияти фаромадани тарма ва яхбандӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ ронандагони воситаҳои нақлиётро мебояд эҳтёткор бошанд.

 

Январь 18, 2018 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад