Кумитаи рушди маҳал барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 26.1.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар самти идоракунии рушди маҳал, ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал, мушаххас гардонидани вазифаю ваколатҳои байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҷмӯии рушди иҷтимоию иқтисодӣ татбиқ менамояд. Ин нуктаро имрӯз муовини аввали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бек Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.
Ба гуфтаи номбурда, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020» дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо корҳои назаррас анҷом додааст.
«Бо мақсади арзёбии раванди татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ таҳлили амалигардонии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рашт барои солҳои 2012-2016” гузаронида шуда, он дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳал баррасӣ гардид ва пешниҳодҳо барои бартараф намудани норасоиҳо, инчунин такрор нагардидани онҳо дар татбиқи барномаҳои нав омода карда шудаанд», -гуфт Бек Қурбонзода.
Ба иттилои муовини аввали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳрҳои Исфара, Гулистон, Панҷакент, Истаравшан, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Деваштич ва Спитамени вилояти Суғд омӯзиш гузаронида, барои ҳалли мушкилоти муайянгардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас равон карда шуданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






