Кумитаи рушди маҳал барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд

Январь 26, 2018 14:59

ДУШАНБЕ, 26.1.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар самти идоракунии рушди маҳал, ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал,  мушаххас гардонидани вазифаю ваколатҳои байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҷмӯии рушди иҷтимоию иқтисодӣ татбиқ менамояд. Ин нуктаро имрӯз муовини аввали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бек Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.

Ба гуфтаи номбурда, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020» дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо корҳои назаррас анҷом додааст.

«Бо мақсади арзёбии раванди татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ таҳлили амалигардонии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рашт барои солҳои 2012-2016” гузаронида шуда, он дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳал баррасӣ гардид ва пешниҳодҳо барои бартараф намудани норасоиҳо, инчунин такрор нагардидани онҳо дар татбиқи барномаҳои нав омода карда шудаанд», -гуфт Бек Қурбонзода.

Ба иттилои муовини аввали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳрҳои Исфара, Гулистон, Панҷакент, Истаравшан, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Деваштич ва Спитамени вилояти Суғд омӯзиш гузаронида, барои ҳалли мушкилоти муайянгардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас равон карда шуданд.

Январь 26, 2018 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд