М. Шарифзода, доктори илмҳои иқтисод, профессор: «Толибилмони мактабҳои миёна ва олӣ зимни муошират бо хориҷиён бояд бо чанд ҷумла доир ба мамлакати худ, ҳунарҳо ва таомҳои миллӣ фикрашонро баён карда тавонанд»

Январь 31, 2018 12:13

ХУҶАНД, 31.01.2018  /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯзҳо сокинони гуногункасби вилояти Суғд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватадориву соҳибистиқлолӣ қабул намуда, онро чун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рафъи камбудиҳои кулли соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ арзёбӣ намуда, самтҳои асосии онро сармашқи кори худ қарор медиҳанд. Беш аз як моҳ мешавад, ки дар ташкилоту идораҳои миқёси вилоят нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доранд. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мумин ШАРИФЗОДА бардошти  худро аз Паёми Сарвари давлат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин баён дошт:

Ҳамасола мардуми ҷумҳурӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бесаброна интизор мешаванд ва ин  бесабаб нест. Зеро Паёми солона мазмунан сермуҳтаво буда, фарогири паҳлуҳои мухталиф — иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёт мебошад ва ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад.

Воқеъан ҳам мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавӣ ба зиндагии шоиста доранд. Дар ин замина бо боварии том метавон гуфт, ки Паёми Президенти ҷумҳурӣ ҳамчун дастурамал моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят намуда, ҳамзамон ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагӣ дар ин самт аз мо азму ирода ва ташаббусҳои созандаро талаб менамояд ва моро мебояд, ки паи амалишавии иқдомҳои дурбинона, яъне нуктаҳои асосии Паём гардем.

Аз ҷумла, соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамчунин муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.  Ҳол он ки дар баробари доштани нишону аломатҳои давлатӣ, ҳамчунин ҳунарҳои миллӣ низ бозгӯи таърихи миллат ва гузаштаи ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад.  Таҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба масъалаи эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки таърихи гузаштаи ҷумҳурӣ ва имрӯзаву ояндаи он қобили омӯзиши бештар  мебошад. Тавре огаҳӣ дорем, миллати тоҷик аз азал ҳунарманду ободкор буду имрӯз низ бояд ин рисолати таърихии худро фаромӯш насозад. Тарҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳ намудан ба масъалаи ҳунарҳои мардумӣ ба ин бахши зиндагии мардум такони ҷиддӣ ворид мекунад.  Мисоли равшани ин гуфтаҳо ҳамасола аз ҷониби ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор таъсис додани грантҳо мебошад. Агар ин равандро дар мисоли шаҳри Хуҷанд гирем, имрӯзҳо дар маркази вилояти Суғд якчанд маҳаллаҳо ҳамчун маҳаллаҳои ҳунармандон, аз қабили сандуқсозон, заргарон, гаҳворасозон, кулолгарон, мӯҳрабофону сабадбофон, читгарону қаннодон маъруф буда, инчунин омӯзиши ҳунарҳои дигари дастӣ ва меҳнати хонагӣ, чун қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, косибӣ ва ғайра дар марказҳои амалкунандаи ҳунаромӯзӣ низ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд. Ин ҳама бозгӯ аз таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.

Дар самти масъалаи рушди сайёҳӣ бо эътимод метавон гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бостоншиносӣ зиёд буда, дар баробари ин шароити мусоиди сарзамини мо аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои баланду зебо, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Дар ин росто баҳои баланди Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ҳангоми боздид аз ВМКБ доир ба манзараҳои нотакрори ин минтақаи Тоҷикистон аст, ки гуфта буд Бадахшон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи ҷаҳон низ яке аз минтақаҳои зеботарин ба ҳисоб меравад.  Ҳол он ки дар минтақаҳои дигари мамлакат, чун Рашту Ромит, Муъминободу Бохтар, Ҳисору Панҷакент, Истаравшану Исфара, Душанбеву Хуҷанд низ мавзеъҳои хушманзару мафтункунанда, кӯҳҳои осмонбӯсу чашмаву кӯлҳои оби тоза хеле зиёданд. Дар ин замина баҳри боз ҳам рушд додани соҳаи  сайёҳӣ моро зарур аст, ки мавзеъҳои дилписанди мамлакатамонро зиёдтар  муаррифӣ намуда, ҳамзамон ҷалби бештари сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба роҳ монда, дар мавзеъҳои сайёҳӣ инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасониро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монем.

Дар ин робита ҳар як соҳибкору ҳунарманд метавонад вобаста аз малака ва имконият бо бунёди як иншооти хизматрасонии тарзи миллии шарқӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои фаромӯшшудаи  мардумӣ,  ки аксар вақт мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор мегиранд, саҳмгузор гардад. Ба ин восита на танҳо даромади  хонаводаашон зиёд  мешавад, балки дар  муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ байни хориҷиён низ муваффақ мегардад. Ҳамчунин дар заминаи ҷоннок кардани раванди таҳсили забономӯзӣ, алалхусус забони англисӣ бояд корҳоро ҷиддӣ ба роҳ монд. Толибилмони мактабҳои миёна ва олӣ зимни муошират бо хориҷиён бояд бо истифодаи чанд ҷумла бо забони англисӣ доир ба мамлакати худ, манзараҳои табиати мавзеи зист, ҳунарҳо ва таомҳои  миллии аҷдодӣ фикрашонро баён карда тавонанд.

Ҳамзамон дар Паёми солона дастовардҳои соҳаи маориф низ назаррас арзёбӣ гардиданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда — дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон мақоми 54-умро соҳиб гардида, дар фазои ИДМ низ яке аз ҷойҳои аввалро касб намуд.

Маҳз сиёсати пешгирифтаи дурбинонаи Пешвои миллат доир ба дарҳои кушод дар самти таҳсил ва ҳамчунин кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат оид ба муҳайё намудани шароити хуби таълиму тадрис, омӯзиши адабиёти фанниву касбӣ ва дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотии омӯзишӣ заминаи чунин мувафаққиятҳо гаштаанд.

Паҳлуи дигари масъала- ин дар зинаи таҳсилоти олии касбии мамлакат рушд ёфтани ҳамкории донишгоҳҳо бо донишгоҳҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла,  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳоло бо зиёда аз 50 донишгоҳ ҳамкорӣ дошта, роҳбарият ва устодони донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим пайваста мекӯшанд.

Чанде пеш дар назди донишгоҳ  баҳри мувофиқ кунонидани раванди таҳсил ба низоми ҷаҳонӣ ва ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ «Маркази омӯзишии Аврупо» таъсис дода шуд. Ҳоло дар якчанд гурӯҳ бо истифода аз адабиёти донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ омӯзиши ихтисосҳо бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Ин раванд минбаъд метавонад  ба муоширати озод байни донишҷӯёни Донишгоҳи мо ва донишгоҳҳои хориҷӣ баҳри муаррифии дастовардҳои донишҷӯёни тоҷик,  ҳунарҳои мардумӣ, маданият ва таърихи бойи тоҷикон мусоидат намояд.

Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,

 АМИТ “Ховар”

Январь 31, 2018 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Чангоб»-и Ҳисор зиёда аз 130 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ЧОЙХОНАИ ТОҶИКӢ ДАР КЛАГЕНФУРИ АВСТРИЯ. Суратгузориш аз ифтитоҳи он баъди таъмиру навсозӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки миллии Швейтсария баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! То 5 июл дар баъзе аз ноҳияҳои Тоҷикистон хатари омадани сел боқӣ мемонад
Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати хабарнигорони нашрияи «Жэнмин жибао»-и Чин мулоқот намуд
Мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ ва роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Чин такмили ихтисос намуданд
АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «КОРД». Дар 6 моҳи соли равон 62 адад силоҳи сард мусодира гардид
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба масъалаҳои мубрами таъмини суботи сиёсии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ –амалӣ доир шуд
Операсарои маъруфи тоҷик Адҳам Холиқов дар синни 76 аз олам даргузашт
Fly.tj ба туфайли интернет «парвоз мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад