МАРҲАМАТ БА ҶАШНГОҲ! Имрӯз дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил мешавад

Январь 30, 2018 09:02

ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 январ дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил карда  мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,    ин иди қадимии тоҷикон  бо мақсади амалӣ намудани пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷашн гирифта мешавад.

Дар доираи ҷашн дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо» барномаҳои фарҳангӣ  доир гардида, ҳамчунин ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз, гулбуттаҳо  ва асбобу олоти кишоварзӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба ҷашнгоҳ даъват менамояд.

Январь 30, 2018 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад