Минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат ба маблағи 368,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд

Январь 22, 2018 17:07

ДУШАНБЕ, 22.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат ба маблағи 368,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла, «Суғд»-332,6 млн. сомонӣ, «Данғара»-35 млн. сомонӣ ва «Панҷ»-700 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ин рақамҳо имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода пешниҳод шуданд.

Тавре маълум гардид, дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи МОИ «Суғд» нисбат ба дигар минтақаҳо зиёд буда, аз МОИ «Панҷ»  хеле кам аст.

Завқӣ Завқизода бартариҳои минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»-ро дар зиёд будани шумораи корхонаҳо, ҷойгиршавии минтақа, инфрасохтор ва доштани роҳи оҳани шарикони тиҷоратӣ, аз қабили Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Россия арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки айни замон дар ин минтақа 24 корхона ҳамчун субъекти хоҷагидор, аз ҷумла, 7-то бо сармояи хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар МОИ «Панҷ» 14  корхона, аз ҷумла, 5-тои он соли 2016-2017 ба қайд гирифта шуданд ва дар назар аст, ки нимаи якуми соли 2018  ба фаъолият оғоз намоянд.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо гуфт, ки МОИ «Панҷ» аз минтақаҳои навтаъсиси озоди иқтисодии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар айни ҳол дар он корҳои сохтмонӣ ва васлгарии таҷҳизот ҷараён доранд.

«Нақшаҳо барои васеъ кардани фаъолияти ин минтақаи озоди иқтисодӣ тарҳрезӣ шуда, ҳавасмандӣ аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ пешниҳод гардидаанд», -гуфт Завқӣ Завқизода ва изҳори умед кард, ки МОИ «Панҷ» дар ояндаи наздик дар баробари таъмин кардани бозори истеъмолии мамлакат  имконият дорад, ки молу маҳсулоти худро ба ҳамсоядавлати Афғонистон содир намояд.

Бояд зикр намуд ки яке аз мақсадҳои таъсиси ин минтақа- таъмини шуғли аҳолии минтақа ва ҷумҳурӣ, ташкили ҷойҳои кории иловагӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии минтақа, афзоиши қобилияти харидорӣ, баланд бардоштани иқтидори бозори дохилӣ ва ҳалли вазифаҳои дигари иҷтимоию иқтисодии минтақа ба ҳисоб меравад. Дар сурати зиёд шудани шумораи субъектҳои хоҷагидор ва ба фаъолият пардохтани онҳо ҳам ҷойҳои корӣ зиёд мешаванду ҳам  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот меафзояд.

 

Январь 22, 2018 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад