Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо раиси Китобхонаи миллии Миср

Январь 5, 2018 14:30

ДУШАНБЕ, 05.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 4 январи соли 2018 Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо раиси Шӯрои мудирони Китобхона ва бойгонии миллии Миср Аҳмад Шавкӣ дидору гуфтугӯ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани ҳамкорӣ байни китобхонаҳову маркази дастхатҳои ду кишвар меҳвари асосии мулоқот буда, дар он  Аҳмад Шавкӣ пешниҳод намуд, ки байни Китобхона ва бойгонии миллии Миср ва ниҳодҳои ҳамтои он дар Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо  расад.

 

Ёдовар мешавем, ки Китобхонаи миллии Миср бо фармони Хидев Исмоил 23 марти соли 1870 ба манзури ҳифзи дастхатҳои арабӣ ва шарқӣ таъсис ёфт. Ҳоло дар Китобхонаи мазкур беш аз 57 ҳазор дастхати гаронбаҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Дар он ганҷинаи дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ ҷойгоҳи махсус дошта, теъдоди он тақрибан ба 10 ҳазор дастхат мерасад. Аз ҷумла, 71 дастхати нодири форсӣ-тоҷикии мусаввар, ки таърихи китобат ва тасвири онҳо қарнҳои XIV ва XIX мелодиро фаро мегирад, дар ин ҷо маҳфузанд.

 

 

 

Январь 5, 2018 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад