Номаи сипос барои барномаи консертии ҳунарпешагони тоҷик дар шаҳри Ганҷа

Январь 5, 2018 12:31

ДУШАНБЕ, 5.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба унвони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи директори иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ А.Г. Иксанов номаи сипос расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар матни нома А. Иксанов ба Вазири фарҳанг барои мусоидат ба баргузории консерти тантанавии ҳунарпешаҳои тоҷик дар шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон изҳори миннатдорӣ менамояд.  Дар нома зикр гардидааст, ки барномаи консертии санъаткорони тоҷик 21 декабри соли 2017 бахшида ба маросими пӯшидашавии барномаи «Ганҷа-маркази фарҳангии ИДМ дар соли 2017» дар сатҳи баланд доир гардид.
«Дар барномаи консертӣ ҳунарпешагони тоҷик Зафар Абдуалимов ва Мадина Ақназарова маҳорати баланди иҷрокунандагӣ нишон дода, таваҷҷуҳи тамошобинони озарбойҷониро ба даст оварданд», — омадааст дар нома.

 

Январь 5, 2018 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад