ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор ва фаромадани туман дар назар аст
ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз сокинони мамлакатро ҳавои ноустувор, пастшавии ҳарорат, боридани барф ва дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.
Имрӯз, 30 январ дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, танҳо шабона боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония вазида, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, боридани барф пешбинӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 3-8 ва рӯзона 4-1 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шабона барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда буда, боридани барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар пойтахт ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барф дар назар аст. Ҳарорат шабона 8-10 ва рӯзона 1-3 дараҷа сард хоҳад шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






