Оинаи шуҷоати халқ
ДУШАНБЕ, 19.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Нашриёти «Бухоро» китоби собиқадори матбуоти тоҷик Аъзам Мӯсоев бо номи «Вахш, эй сарчашмаи илҳоми ман» аз чоп баромад, ки ба таърихи беш аз ҳаштодупанҷсолаи яке аз куҳантарин нашрияҳои ҷумҳурӣ – рӯзномаи ноҳияи Вахш бахшида шудааст. Маҷмӯа бо пешгуфтори мухтасари муаллиф ва сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло оғоз меёбад.
Рӯзномаи «Вахш» соли 1931 баробари сохтмони зарбдори умумииттифоқӣ эълон шудани бунёди иншооти обёрии Вахш, ки аз он азхудкунии водии офтобӣ, вале ботлоқиву туғайзору қамишзор, макони шағолону каждуму морон вобастагӣ дошт, таъсис ёфта буд. Ба анҷоми муваффақонаи ин лоиҳаи миқёсан бузург мутахассисон ва коршиносон дар хориҷа бо назари шубҳа менигаристанд, аммо насли одамони шӯравӣ, ки бо азму иродаи қавӣ ва имони комил ба кор шурӯъ карда буданд, орзуро ба воқеият табдил доданд, заминҳои асрҳо бекорхобидаро мулки гулистон ва дӯстии халқҳо сохтанд.
Аз шумораи нахустини хеш «Вахш», ки он вақт «Зарбдори сохтмони Вахш» унвон дошт, чун оинаи мусаффо ҷараёни сохтмони гуногунҷабҳаи иншооти обёриро, ки ба он таваҷҷуҳи мардуми на танҳо шӯравӣ, балки кишварҳои хориҷӣ низ нигаронида шуда буд, инъикос менамуд, аз рӯйдодҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ хабарҳо интишор месохт. Таваҷҷуҳ ба сохтмони Вахш ҳеҷ аҷобат надошт, зеро аввалан мамлакат ба пахтаи маҳиннах, ки аз лиҳози сифат на камтар аз пахтаи мисрӣ бошад, ниёз дошт, сониян азхудкунии водии Вахш барои одамони шӯравӣ, одамоне, ки одати қафо гаштан надоштанд, кори нангу номус шуда буд. Маҳз ҳамин фикр дар ҳамаи маводи рӯзнома, ки ҳар шумораашро мардум бесаброна интизор мешуданд, баръало эҳсос мегардид. Он вақт рӯзнома бо ду забон чоп мешуд – тоҷикӣ ва русӣ. Аз ҷумлаи аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Вахш», ки баъдан аз он чанд рӯзномаи дигар зода шуд, Мирсаид Миршакар, Давид Гойфман, С. Ляхович буданд, ки то охир дӯстии айёми ҷавониро маҳфуз доштанд.
Зимнан унвони китоби Аъзам Мӯсоев як мисраъ аз шеъри устод Миршакар аст. Тақрибан ҳамон вақт адиби поляк Бруно Ясенский корманди идораи рӯзнома шуд, бо номи «Одам пӯсташро иваз мекунад» аз рӯзгори фотеҳони водии Вахш романи машҳурашро навишт, ки дар миёни қаҳрамононаш шинохтани Миршакари ҷавон мушкил нест. Бо рӯзнома Платон Воронко, ки бо даъвати комсомол ба сохтмон омада, дар оянда шоири машҳури украин гардид, ҳамкории зич дошт. Ба назди сохтмончиён устод Лоҳутӣ омада буд. Дар рӯзнома шеърҳои Пайрав, Мирзо Турсунзода, Ҳамид Обидӣ ва дигарон чоп мешуданд.
Солҳои ҶБВ рӯзнома аз аввалинҳо шуда, хабари расмии ТАСС дар бораи ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф шудани Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қайюмовро чоп кард, ки ҳарду аз деҳоти кӯҳистони Рашт ба водии Вахш муҳоҷир ва аз ноҳияи Вахш ба ҷанг даъват шуданд.
Дар тӯли солҳои фаъолияти худ рӯзнома таҳти роҳбарии як қатор муҳаррирон – М. Исмоилов, Р. Абдуллоев, Р. Болтаев, Назрӣ Юсуфов, Толиб Неъматов ва дигарон барои як гурӯҳ адибон ва рӯзноманигорони дар оянда маъруф, амсоли шоир ва драматург Зариф Ибод мактаби эҷодӣ гардид.
Бо тавсияи идораи рӯзномаи «Вахш» як зумра журналистони дар оянда шинохта, амсоли Боймурод Сайдалӣ, Мансур Сайфиддин ва ғайра ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуда, асосҳои касбро омӯхтанд.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии бародаркуш рӯзномаи «Вахш», ки дар маркази воқеаҳои мудҳиш қарор дошт, чун тамоми ҷомеаи мо давраи сангинро аз сар гузаронд, вале бо садоқатмандӣ ба рисолати худ мардумро ба сулҳу салоҳ даъват мекард. Дар он айёми бесарусомонӣ дастпарварони рӯзнома, журналистони шинохта Тӯра Қобилов, Зуҳуриддин Суярӣ, шоир ва нависанда Пиримқул Сатторӣ, шоир Саидҷамол Зиёӣ аз дасти қотилони чашмонашон хунгирифта кушта гардиданд. Кормандони имрӯзаи идораи рӯзнома хотираи онҳоро пос медоранд.
Аз хотироти журналистоне, ки солҳои гуногун дар рӯзномаи «Вахш» кор кардаанд, дар китоб бисёр тафсилоти ҷолиб дарёфт кардан мумкин аст. Дар рӯзнома инчунин аксҳои камёфти кормандони собиқ, аз ҷумла, муҳаррирон ҷой дода шудаанд.
Китоби «Вахш, эй сарчашмаи илҳоми ман» барои муҳаққиқони таърихи матбуоти тоҷик маълумоти фаровон дода метавонад. Ҳамзамон он барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Нигина ҚАМАРИДДИНОВА,
хабарнигори «АС»








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






