Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.01.208 /АМИТ «Ховар»/. 9 январи соли 2017 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017» муайян ва бо диплом қадрдонӣ шуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи озмуни мазкур дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик ва ҷавобгӯй ба меъёрҳои санъати сухану забони адабӣ буда, мазмуну муҳтавои онҳо бояд мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро дар бар гирад.
Ин мавод инчунин бояд ба завқи алоқамандони каломи бадеъ созгор буда, дар дили хонанда оташи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, обу хоки кишварро барафрӯзанд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017» муаллифони асарҳои бадеии тоҷик, ки китобҳояшон тайи соли 2017 дар муассисаҳои нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудаанд, иштирок намуданд.
Барои китоби назм Раҳмат Назрӣ бо китоби «Замзама», Муҳаммад Ғоиб бо китоби «Сесаду шасту шаш ғазал», Сайдалӣ Маъмур бо китоби «Борони сабз» ғолиби озмун дониста шуданд.
Инчунин дар наср Ато Мирхоҷа бо китоби насри «Андозчини рӯзадор», Маҳмадризо Тоҳирӣ бо китоби насри «Даъват», Абдуғаффор Абдуҷаббор бо китоби «Зоопарк», дар назми бачагона Нарзулло Тиллозода бо китоби «Турнаҳо», Муслиҳиддин Маҳмадалӣ барои китоби бачагонаи «Пайроҳаи мурод», Рабоат Худойдодова бо китоби «Чашмаи дил» дар насри бачагона, Гулчеҳра Муҳаммадиева барои китоби «Афсонаи товус», Рустам Ваҳҳобзода барои китоби «Шеър ва дониш» ва Қурбон Восеъ бо китоби «Маромгӯйи Ваҳдат ва Истиқлолият» ғолиб омада, бо диплом қадрдонӣ шуданд.








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






