Раъно Икромова омӯзгори соли Тоҷикистон-2017 эълон шуд
ДУШАНБЕ, 03.01. 2018./АМИТ «Ховар»/. 29 декабри соли 2017 озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017», ки муддати се рӯз идома дошт, дар толори Вазорати маориф ва илми ҶТ ҷамъбаст гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Дар озмун панҷ нафар довталабон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ нахуст аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аҳли маорифро бо соли нави 2018 табрик намуд ва андешаҳои хешро оид ба рафти озмуни имсола баён намуд. Сипас, раиси ҳайати ҳакамон, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Абдуҷаббор Алиев озмунро ҷамъбаст намуда, тибқи хулосаи аъзои ҳайат омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Раъно Икромоваро бо 1150 хол «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» эълон кард. Ба ғолиб туҳфаҳои таъсиснамудаи Вазорати маориф ва илм, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ супорида шуд.
Ба Моҳира Худоназарова- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 шаҳри Душанбе, Модавлат Чоршанбиева- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ноҳияи Шуғнон, Идигул Алиева- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 шаҳри Ваҳдат, Шуҳрат Мирзоев- омӯзгори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб низ ҳамчун иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ мукофотҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми кишвар, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм супорида шуданд.
Ҳамчунин, тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р. Икромова, М. Худоназарова, М. Чоршанбиева, И. Алиева бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ш. Мирзоев бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонда шуданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






