Равшан Раҳмонӣ, профессори ДМТ: «Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳаммомҳо, дастшӯйҳо, ташнобҳоро низ бояд замонавӣ кард»

Январь 16, 2018 08:45

ДУШАНБЕ, 16.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вақте ки меҳмон ба ҳавлӣ ё манзили тоҷике медарояд, пас аз фурсати кӯтоҳе соҳибхона дастархон густурда, ҳар чизе ки дорад, меораду дар рӯи он мегузорад. Ҳамзамон мизбон бо офтобаву дастшӯй ва дастпок дар китф омада, дасти меҳмони азизро об мегирад. Меҳмоне, ки бори аввал аз кишвари хориҷӣ омада, ин муносибати отифонаро мебинад, аз ин фарҳанги суннатии тоҷикон лаззат мебарад, пас аз мулоқот бо мардум, ошно шудан бо расму оинҳо, дидани ҳунарҳои мардумӣ, тамошои манзараҳои беназири Тоҷикистони биҳиштосо бо таассуроти неки афсонавӣ ба ватани худ бармегардад. Ба кишвараш рафта, дидаҳо ва шунидаҳои хешро ба монанди афсона ва қиссаҳои дилнишину мафтункунанда ба хешовандону дӯстонаш ҳикоят мекунад.

Дар ҳақиқат он шахсоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар доштаанд, оинҳои суннатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва табиати дилангези Тоҷикистонро дидаанд, аз онҳо дар бораи давлат ва миллати худ борҳо тавсифҳо шунидаам. Барои онҳо солҳои гузашта бахусус дидани ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Сада бисёр ҷолиб буд.

Дар ин 10-15 соли ахир аз Германия, Чин, Франсия, Ҳиндустон, Шветсия, Амрико, Норвегия, Италия ва кишварҳои дигар сайёҳон ба Тоҷикистон омада, зимни дидани пешравиҳо, ислоҳи камбудиҳоро низ хотиррасон мешуданд. Боре меҳмоне бо муҳаббат бароям пешниҳод кард:

– Шумо тоҷикон мардуми меҳрубонеду мамлакати зебое доред, аммо ба баъзе чизҳои муҳим дар ҷумҳурии шумо, ки барои сайёҳон муҳим аст, камтар таваҷҷуҳ шудааст.

Ман бо ҳайрат пурсон шудам:

– Ба кадом чизҳо?

Ӯ бо табассуми малеҳ гуфт:

– Агар дар деҳот, бахусус дар минтақаҳои сайёҳӣ дастшӯй ва ҳаммомҳо дуруст шаванд, дар сари роҳ дӯконҳои ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳон пешкаш гарданд, чӣ қадар хуб мебуд. Дар кишварҳои хориҷӣ, ки дар он ҷо сайёҳӣ рушд кардааст, ҳамин тавр аст.

Пас аз борҳо шунидани ин гуна суханон, ҳангоми сафарҳои худ ба ноҳияҳои наздики шаҳри Душанбе, бахусус минтақаҳои сайёҳӣ, ба мардуми ин навоҳӣ ин пешниҳоди меҳмононро мерасонидем. Баъзеҳо зуд ба он таваҷҷуҳ карда, дастшӯй, ҳаммом ва ташноби хонаи худро дуруст мекарданд.

Дар тӯли 10-15 соли охир тоҷикони зиёди бо корҳои гуногун ба кишварҳои хориҷӣ сафар карда, пешрафтҳои онҳоро диданд ва пас аз баргаштан кӯшиш намуданд, ки чизҳои муҳимеро, ки барои зиндагиашон заруранд, қабул намоянд. Ҳоло дар ҳавлиҳои зиёди шаҳр ва ноҳияҳо ҳаммому дастшӯйҳои замонавӣ сохта шудаанд. Ана ҳамин ишорати меҳмонони сайёҳи Тоҷикистон дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи табъи мардуми азизи мамлакат ва сайёҳон чунин садо дод:

«Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.

Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».

Боварӣ дорем, ки ин гуфтаи Пешвои миллат ҳам ба мардуми Тоҷикистон ва ҳам ба меҳмонону сайёҳон писанд омад. Акнун дар Тоҷикистон барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа шароити боз ҳам муносибтар муҳайё хоҳад гашт.

Имрӯзҳо дар тамоми Тоҷикистон гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил шуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вохӯриҳо ба мардум шарҳ медиҳанд.

Яке  аз ин гурӯҳҳо бо роҳбарии мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Юсуфҷон Юсуфзода, ки ба он   вакили Маҷлиси намояндагон, профессор Ҷамшед Муртазоқулов, устоди ДМТ А.Сафарзода ва банда низ шомил  будем,   барои шарҳи Паёми Сарвари давлат ба шаҳри Ваҳдат рафтанд. Ба ин гурӯҳ аз шаҳри Ваҳдат раиси шаҳр, кормандони мақомоти расмии  мақомоти  шаҳру ҷамоатҳо, намояндаи ҲХДТ ва дигарон ҳамроҳ шуданд. Мувофиқи нақшаи корӣ онҳо ба зергурӯҳҳо тақсим шуда, ба ҷамоатҳои деҳоти Гулистон, Р.Исмоилов, Баҳор, Н.Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон, Ромит, Чорсу, К.Исмоилов ва маркази шаҳр рафтанд.

Дар  вохӯриҳои гурӯҳи корӣ бо сокинон на фақат шахсони масъул, балки аз байни мардум низ ба минбар баромада, бо муҳаббат оид ба Паём ва дурнамои он назари худро мегуфтанд. Ҳатто ёдовар мешуданд, ки дар соли 2018, ки аз ҷониби Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, бояд корҳои мушаххасро анҷом дод. Ҳангоми мулоқот аз дастовардҳои шаҳри Ваҳдат ва роҳҳои бартараф намудани нуқсонҳо, тарбияи фарзандон, мубориза бар зидди фасод, ободии минтақаи хеш суханҳои нек мегуфтанд.

Андешарониҳо сода, самимӣ, ба диди мардум наздик буданд. Аз ҷумла, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Ю.Юсуфзода бо тарзи хеле содаву фаҳмо, бо самимият ба мардум, пеш аз ҳама, дар бораи амнияти ҷумҳурӣ, сулҳу осудагӣ, ки асоси пешрафти ҷомеа аст, суханҳои нек гуфт. Мавсуф ишорат бар он намуд, ки Пешвои миллат Паёми имсолаи худро маҳз аз «раванди бартариҷӯии мусаллаҳшавии бошитоб», «нооромиву низоъҳо», «ҳамчун айёми душвори пуртазод» оғоз намуда, аз ҷумла гуфтанд: «Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт».

Бале, ҷаҳон дар ҳолати ногувор қарор дорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар канори мардумони сулҳдӯсти ҷаҳон фарзандони худро ба роҳи нек ҳидоят намоем. Барои ҳамин дар ин давраи пуртазоди ҷаҳонӣ мардуми азизи мо бояд тибқи фармудаҳои Пешвои миллат ҳарчи бештар бо ҳам муттаҳид шуда, мамлакати азизамонро обод созанд. Ин гуфтаҳои Сарвари кишварро бояд сармашқи кори худ қарор бидиҳем: «Дар ин раванд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории фарогир муҳим мебошад. Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем».

Ба гуфти Ю.Юсуфзода, ҷинояткор як умр дар зери таҳдиди хатар зиндагонӣ мекунад. Гоҳе фарзандони нохалафи миллату Ватан бар зидди миллат ва Ватан кор мекунанд. Бо ин мақсади нопок Ватанро тарк карда мераванду ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ мепайванданд. Сабаби ин ҳама аз бесаводӣ, бедонишӣ ва нодонӣ аст. Одами бофаҳм, китобхону таҳлилгар, инсондӯсту некхоҳ ҳеҷ гоҳ ба роҳи бад намеравад, ба ҷони ширини худ ҷабр намекунад.

Пешвои миллат аз нооромии давлати ба мо дӯсту ҳамзабону ҳамсоя ёдовар шуданд. Ба гуфти Сарвари давлат, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон кумак намоянд, ин амали нек «беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад». Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, бахусус ҳамсоягон дар оромишу сулҳу салоҳ зиндагӣ кардан мехоҳад.

Сарвари давлат чандин сол аст, ки дар бораи мафҳуми терроризм гаштаву баргашта ёдовар мешаванд. Дар ҳақиқат терроризм вабои азим аст. Ба гуфти Ю.Юсуфзода, Пешвои миллат мафҳуми терроризм ва террористро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб шарҳ доданд, ки инро ҳар фарди дурандеш бояд фаромӯш накунад, ки чунин аст: «Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Ю.Юсуфзода ин нуктаҳоро ба мардум ёдовар шуда, бо чеҳраи кушоду муҳаббат шукри осудагию сулҳу амонии мамлакатамон  менамуд. Зимнан ишорат бар он мекард, ки дар ҷумҳурии мо низ нафароне ҳастанд, ки оромию осудагии моро намехоҳанд. Пас мо ҳам набояд бетараф бошем. Бояд ёдовар шуд, ки дар мавридҳои хилофкориҳои баъзе ашхоси номард, мардуми шарифи шаҳри Ваҳдат, бахусус минтақаи Ромит дар канори давлат буда, барои таъмини осудагии ҷумҳурӣ дасти мадад дароз мекарданд. Чунин фарзандони неки миллат ҳамеша бо некӣ ёд мешаванд.

Ю.Юсуфзода зимни шарҳи Паём бо мардум мубодилаи афкор мекард. Гоҳе аз ҳозирин пурсон мешуд, ки дар ёди онҳо аз Паём чиҳо мондааст? Пас аз пурсишҳои самимӣ маълум мешуд, ки дарвоқеъ мардум аз муҳтавои Паём комилан огоҳ ҳастанд. Зимни суҳбат баъзе аз онҳо аз ҷой бархоста, баробари аз Паём ёдовар шудан, дар партави он оид ба корҳои ояндаи минтақаи худ суханони нек мегуфтанд.

Дар вохӯриҳо бо мардуми ҳамаи ҷамоатҳои шаҳри Ваҳдат роҷеъ ба баланд бурдани саводнокӣ, вазъи китобхона ва китобхонҳо, кабинетҳои техникӣ, ёрӣ ба маъюбон, сулҳу салоҳ, истифодаи самараноки барқ, сол то сол ба истиқлоли пурраи энергетикӣ расидан зикр гардид.

Узви дигари гурӯҳи таблиғотӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷамшед Муртазоқулов ба мардуми минтақаҳои шаҳри Ваҳдат аз Паёми Пешвои миллат навидҳои нек расонид. «Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об-22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман оғоз мегардад».

Пас аз овардани ин иқтибос Ҷ.Муртазоқулов моҳияти ин масъаларо ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ шарҳ дода, аз самаранок истифода бурдани обҳои шифобахши мамлакат, бахусус дараи Ромит ёдовар гардид. Тибқи Паёми Пешвои миллат, мардуми шаҳри Ваҳдат бояд Ромитро ободтар намоянд. Акнун фурсати он расидааст, ки Ромит яке аз маконҳои муҳимтарини сайёҳии ҷумҳурӣ гардад. Бахусус он ҳамкории митақавӣ, ки Пешвои миллат дар Паём ёдовар шудаанд, барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои бештар меоварад: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад».

Ҷ.Муртазоқулов дар идомаи ҳамин гуфтаҳои Пешвои миллат ишорат бар он кард, ки «фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон, интиқоли бемамониати молу сармоя» муҳим аст. Ин гуфтаҳои Пешвои миллат ба минтақаи Ромит низ хеле муносиб аст.

Зикр шуд, ки дар Паём оид ба «истифодаи самараноки обу замин ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ» ёд шудааст. Зимнан таъкид гардидааст, ки ин амал бидуни  «технологияҳои нав ва риояи қоидаҳои муосири агротехникии парвариши зироат» номумкин мебошад. Яъне дар ин самт низ шароити муносиб муҳайё гардидааст, акнун фақат соҳибкорони боғайрат ва шахсони кордонро зарур аст, ки фаъол бошанд.

Барои дуруст ба роҳ мондани кор дар тамоми фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ кадрҳои босаводу ватандӯст зарурранд. Агар мутахассис нисбат ба кор дилсӯз бошад, садоқатмандона корашро пеш барад, идеяҳои созанда дошта бошад, он гоҳ минтақаҳо зуд рушд менамоянд. Дар ин бора дар Паёми пешвои миллат ба кадрҳои лоиқ аз поён то боло таваҷҷуҳ шудааст: «Аз ин лиҳоз, роҳбарони вазорату идораҳо, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳотро зарур аст, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро танҳо тавассути озмун ба роҳ монда, барои тоза кардани сафи мақомот аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва татбиқи усулҳои муассири назорати дохилӣ чораҷӯӣ намоянд».

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём омадааст, ин ба истиқлолияти энергетикӣ расонидани мамлакат мебошад. Дар суханҳои гурӯҳи таблиғотӣ ба ин масъала низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Зимнан, тибқи ишораи Паём, бояд ёдовар шуд, ки пардохти пули барқи масрафшуда худ як навъ кумак барои тармиму сохтани неругоҳҳост. Аз тарафи дигар, истифодаи сарфакоронаи барқ имкон медиҳад, ки садамаҳои барқӣ рух надиҳанд ва мардум бемамониат аз барқ истифода баранд.

Сол то сол роҳҳои ҷумҳурӣ тармим гардида, аз нав сохта мешаванд. Дар Паём бо мисолҳо дар ин бора гуфта шуда, таъкид гардидааст, ки роҳҳои мо бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ кунонида шаванд. Ин албатта, ба шаҳри Ваҳдат низ тааллуқ дорад. Оди ба масъалаи роҳсозӣ дар Паём таъкид шуд, ки сохтмони роҳҳои дохилӣ аз ҷониби ҳокимияти минтақавӣ сурат мегирад.

Ҳамчунин аъзои гурӯҳ ёдовар шуданд, ки мувофиқи Паёми Пешвои миллат, мардум низ бояд ба сифати хӯрокворӣ диққат диҳанд ва чун истеъмолкунанда ҳуқуқи худро ҳимоя намоянд. Саломатии мардум-пешрафти ҷомеа аст.

Устоди ДМТ Р.Раҳмонов дар мулоқот ба ин гуфтаи Пешвои миллат такя намуд: «Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд». Яъне, вазифаи кӯдакистон, мактаб, донишгоҳ дар ин самт муҳим аст. Маҳз ин муассисаҳо барои боло бурдани маънавиёти ҷомеа нақши арзишманд доранд. Ҳар қадар фарзандони мо дониши фарох дошта бошанд, ҳамон қадар миллат ва давлат рушд менамояд. Инсонҳо ба ҳамдигар меҳрубон мешаванд, ҳунарҳои гуногунро аз худ намуда, рӯзгори худ ва хонаводаро пеш мебаранд. Падару модар дар партави Паёми пешвои миллат барои тарбияи фарзандон бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Гоҳе ҳайрон мемонем. Маълум мешавад, ки падару модар фарзандонро ба дунё оварда, ба тарбияашон аҳамияти камтар медиҳанд ё намедиҳанд. Дар замони гузашта бобою бибиҳо, падару модарон барои фарзандон дар ҳар мавзӯи зиндагӣ ҳатман чанд афсона, қисса ё ривояту нақл гуфта, ӯро барои дӯст доштани инсон, Ватан ва муҳити зист роҳнамун месохтанд. Аммо гоҳе мебинед, ки фарзанде мактабро тамом карда, ҳатто як афсонаву қисса нашунидааст, ё китобе нахондааст. Чунки шунидани ин ё он ҳикоят ё хондани китоб фикри инсонро дигар месозад, ӯро дар ҷомеа маҳбуб менамояд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки аксари ононе, ки дар зиндагӣ раҳгум зада, худро ба ҳар балои ногуфтанӣ задаанд, сабабаш бедонишист.

Р. Раҳмонов зимнан ишорат намуд, ки «мо дар 10-15 соли охир чандин бор ба шаҳри Ваҳдат, минтақаи зебоманзари Ромит бо донишҷӯёни факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои гирдоварии фарҳанги мардум, аз ҷумла, ҳунарҳои мардумӣ омадем. Аз байни мардум афсонаву нақлҳо, суруд, таронаҳо, рақсу бозиҳоро сабт кардем; дар бораи ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, сабадбофӣ, заргарӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, шерозбофӣ ва ғайра маълумот ҷамъ овардем. Мардум дар бораи моҳияти ҳунармандӣ, афсонаву нақлҳои ҷолибе доштанд, ки он гуфтаҳоро сабт кардем. Аз ҷумла, дар бораи «Зани ҳунарманд», «Марди беҳунар», «Бачаи танбал», «Муши тиллоӣ» ва монанди ин.

Барои ҳамин дар байни мардуми шарифи тоҷик, аз ҷумла, шаҳри Ваҳдат ҳамчун таҷрибаи рӯзгор, зарбулмасалҳои «Сафар кардан-ҷаҳон дидан», «Аз одами бекор- ҳама безор», «Одами беор- дарахти бебор», «Қадри зар заргар бидонад», «Ҳунар аз мероси падар беҳ», «Ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад», «Ҳунар аз дониш, дониш аз хониш» ҳоло ҳам вирди забони мардум аст.

Ҳангоми вохӯрӣ мардуми ҷамоати Ромит ташаббус нишон дода, гуфтанд, ки барои бозсозии қасри фарҳанг, ободии дараҳои зебоманзари Ромит барои сайёҳон ва дастгирии маъюбон саҳм мегузоранд, гиёҳҳои нодири минтақа ва обҳои шифобахши онро дар оянда самаранок истифода мебаранд.

Ин хушбахтии мардуми мост. Бояд Паёмро сармашқи кори худ қарор дода, дар солҳои оянда барои рушди давлат бештар заҳмат кашем.

Равшан РАҲМОНӢ,

профессори ДМТ

Январь 16, 2018 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«30 СОЛИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ». Дар шаҳри Норак ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат 5390 кг маҳсулоти пастсифат ва хатарнок нобуд карда шуд
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Бохтар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Корея дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок ҳамкорӣ менамоянд
Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
21 декабр Анҷумани XIII навбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
Оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат ҳамоиши илмӣ доир шуд