РОҲИ САФЕД! Ширкати IRS ронандагонро ҳушдор медиҳад, ки бидуни омодагии ҷиддӣ ба сафар набароянд

Январь 29, 2018 15:54

ДУШАНБЕ, 29.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи  пешгӯии   Агентии обуҳавошиносии мамлакат,  шурӯъ аз 27 то 30 январи соли равон бо дарназардошти аз тарафи Қазоқистон ба шимоли Ӯзбекистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар ҷумҳурӣ     ҳаво   сард мешавад.

Дар ин робита филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагоне, ки    тариқи роҳи  мошингарди Душанбе — Чаноқ  ба сафар мебароянд, хоҳиш менамояд, ки  тавсияҳои ниҳодҳои дахлдорро    (дар ҳолати хуб қарор доштани воситаҳои нақлиёт, бо худ доштани таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш, яъне занҷир, болиштаки зиддилағжиш, аломати исти садамавӣ)  дар мадди назар дошта,  бидуни омодагии ҷиддӣ ба   сафар набароянд.

Тавре  аз маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар»  иброз доштанд,   огоҳсозии шаҳрвандон рисолати сохторҳои зикршуда  маҳсуб шуда,  он набояд боиси ба таҳлука афтодани  ронандагону мусофирон гардад. Табиист, ки фасли сармо махсусиятҳои худ, амсоли боришоти барфу сардӣ, яхбандӣ,  фаромадани тарма ва ғайраҳоро  дорад ва шаҳрвандон набояд аз ин ҳаводиси табиӣ дар ҳарос бошанд. Новобаста аз вазъи обу ҳаво дар ҳама ҳолат сохторҳои марбута барои  таъмини  бехатарии   шаҳрвандон муваззафанд.

«Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагону мусофиронро  дилпур   месозад,  ки ба мавсими сармо омодагии  ҷиддӣ гирифтааст,   барои таъмини фаъолияти мунтазам дар роҳи Душанбе –Чаноқ    ба миқдори зарурӣ қум, намак, сўзишворӣ, ангишт ва ҳезум захира намудааст. Ҳамчунин кулли техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон аз 181 адад  зиёд аст, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Илова бар ин, бо ибтикори роҳбарият дар хонаҳои устои роҳ, ки марбут ба филиали Ширкат мебошанд, барои муваққатан ҷойгир намудани онҳое, ки бинобар иллат пайдо намудани воситаи нақлиёт дар роҳ дармондаанд, шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст», — афзуд манбаъ.

Бо вуҷуди ин табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки аксар вақт инсон дар қиболи он оҷиз аст. Шоҳиди он ҳастем, ки ҳатто кишварҳои пешрафтаи олам дар баробари чунин офатҳои табиӣ ба мушкил мувоҷеҳ гардида, ба ҳаёти инсонҳо латма ворид мегардад.  Шаҳрвандонро зарур аст, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  риоя намуда,  ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд!

Январь 29, 2018 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад