Сада-мавсими омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Таҷлили ҷашни Сада дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо»

Январь 30, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо» ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ҷашнгоҳи мазкур иттилоъ медиҳад, дар намоиши идона ба тамошои сокинон ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои ниҳолпарвару тухмипарвар намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, кӯчати гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва тухмиҳои баландсифат, техника-мошинолоти муосири кишоварзӣ, испори корӣ ва дигар маҳсулоте, ки ҷашни Садаро ифода  мекунанд, гузошта шудаанд. Инчунин барномаи идонаро озмуни ҷашнӣ дар чор бахш, яъне дастархони Сада, ниҳолҳои мевадиҳанда, ниҳолҳои сояафкан ва гулу буттаҳо, суруди беҳтарин дар васфи Сада боз ҳам шавқовартар гардониданд.

Зимни суҳбат корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов иброз дошт, ки истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла, Сада марҳилаи тоза гардид. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо,  ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии аҷдодон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзиҳо, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст.

«Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Дар ин ҳангом техника таъмир гардида, ба мавсим тайёр карда мешавад. Дар анборҳо маводи сӯзишворӣ, нуриҳои менералию органикӣ захира мегарданд. Яхобмонии баъзе қитъаҳои замин ба роҳ монда мешавад. Хулоса дар Сада деҳқонон ба такопӯ даромада, ба фасли баҳор пурра омодагӣ мегиранд»,-афзуд ӯ.

Дар барномаи идона барои дӯстдорони рақсу суруд ва оҳангҳои ҷолиб барномаи ҳунарии устодони санъати тоҷик ва ҳаваскорони ҷавон пешкаш карда шуд.

Сокинони шаҳри Душанбе дар барномаи пуршӯкӯҳи имрӯза гурӯҳ-гурӯҳ иштирок намуда, аз тамошои барномаи фарҳангӣ лаззат мебурданд. Дар симои онҳо як дилгармӣ ва садоқати беандоза нисбат ба фазои осуда ва сулҳу суботи давлати азизамон ҳувайдо буд. Дар ин росто сокини шаҳри Душанбе Мунаввара Рустамова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «имрӯз яке аз ҷашнҳои таърихиву асотирии миллати мо- ҷашни Сада эҳёи дубора ёфтааст. Истиқболи гарму пурмуҳаббати мардум аз ин ҷашни нуру рӯшноӣ гувоҳи он аст, ки бо гузашти ин ҳама ҳазорсолаҳо оташи фурӯзони Сада дар вуҷуди миллати мо ҷой доштааст».

Ҳамсуҳбати дигари мо Дилшод Аминов иброз намуд, ки ҷашни Садаро мардум бо фараҳу хушнудӣ пешвоз гирифта истодаанд, савту навои устодони санъати тоҷик ба ин чорабинӣ таровати бештаре мебахшад. «Новобаста аз сардии ҳаво иштирокдорон ва тамошобинон бо рӯҳияи болида ва дилгармӣ аз тамошои ин барномаи ҳунарӣ лаззати маънавӣ бурда истодаанд»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Сокини ноҳияи Ҳисор Фаррух Саидов аз баргузории ин гуна ҷашнҳо изҳори хушнудӣ намуда, баён дошт, ки «имрӯз Тоҷикистони азиз, бахусус шаҳри Душанбе маркази дурахшони ҷашну маросимҳо гаштааст, ки ин боиси ифтихори мост. Аз баргузор намудани ин гуна ҷашнҳо бисёр шодем, зеро маҳз ба туфайли ин гуна чорабиниҳо мо аз расму оини аҷдодии худ метавонем огаҳ гардем. Имрӯз диққати маро дар ин намоиши идона ниҳоли гулу дарахтони гуногун ҷалб намуданд ва аз онҳо чанд донаӣ харидам, то пеши хонаи худро сарсабзу шукуфон намоям. Ман мехоҳам бо ин амали худ дар сарсабзу зебо гардидани ватани азизам саҳми андаки худро гузорам».

Ҷашни Сада-иди қадимии аҷдодиро барои ҳамватанонамон муборак мегӯем!

Зарангези ЛАТИФ,

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст