САДА — САНОИ ОФТОБ. Аввали ҳафтаи оянда мардуми Тоҷикистон ин иди зебо ва бостонии худро таҷлил мекунанд

Январь 25, 2018 13:14

ДУШАНБЕ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод  буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст. Дар осори илмию фарҳангии абармандони тоҷику форс Абурайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Наршахӣ ва дигарон оид ба иду ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд.

Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Дар ин ҳангом техника таъмир гардида, ба мавсим тайёр карда мешавад. Дар анборҳо маводи сўзишворӣ, нуриҳои минералию органикӣ захира мегарданд. Яхобмонии баъзе қитъаҳои замин ба роҳ монда мешавад. Хулоса дар мавсими Сада деҳқон ба такопӯ даромада, ба баҳор омодагӣ мегирад. Маънии Сада аз шумораи сад ибтидо мегирад.

Корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов чунин мешуморад, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ баҳри муқаррар кардани таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва қавоиду суннатҳои он сарчашмаи бебаҳост. Зеро ӯ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин Ҳушанги афсонавӣ нисбат дода, чунин менависад: «Рӯзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш паи шикор ба кӯҳсор меравад. Дар шикоргоҳ ногаҳон аз дур хазандаи сиёҳе пеш меояд, ки чашмонаш чун чашмаи хун ба назар мерасиду аз даҳонаш дуд фаввора мезад. Он хазанда мори калони ҳавлангезе буд. Ҳушанг санге бардошта ба сари мор заданӣ мешавад, вале мор сӯи дигар меҷаҳад ва ба санги дигаре бархӯрда, оташ падид меояд».

Ба гуфтаи Ё.Уроқов, дар ҷашни Сада аҷдодони гузаштаамон дар майдонҳои васеъ тамоми шаб гулхан афрӯхта, дар атрофи он рақсу бозӣ мекардаанд. Дар ҷашнгоҳ шоҳону амирон ҷамъ меомаданд, бо раъияти худ хурсандиҳо мекарданд, базмҳо меоростанд ва шоирон аз мавриди мусоид истифода карда, дар васфи оташ, шоҳону амирон шеърҳо мехонданд. Дар васфи ҷашни Сада шоирони бузурги гузаштаамон Фаррухи Сиистонӣ (980-1037), Манучеҳри Домғонӣ (ваф. 1040), Адиб Собири Тирмизӣ(1078-1147) қасидаҳо сурудаанд.

«Дар ҷумҳурии мо солҳои тӯлонӣ ба оини иди Сада аҳамият намедоданд. Аз унсурҳои ин ид дар байни аҳолӣ танҳо гоҳ-гоҳе оташафрӯхтану оташпариҳо бо мақсади аз худ дур кардани қувваҳои бадӣ боқӣ мондааст. Аммо ҳамаи ин анъанаҳои хурофотиянд, ки аксари онҳо бо иди Сада алоқаи нисбӣ доранд. Танҳо оташ ва муносибати пурмеҳри одамон ба он аз ин иди куҳан нишонаанд»,-мегӯяд ӯ.

Бояд гуфт, ки дар асоси маълумоти манбаъҳои таърихӣ ва навиштаҳои уламою удабои маъруф, Сада ҷашни ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷои олоти чӯбину сангин асбобу олоти оҳанин ба даст овард, ки туфайли он барзгарон (кишоварзон)-и олам кори хешро осон карданд.

Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Сада ба 30-31 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ рост меояд, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад».

Шаҳлои САДРИДДИН

 

Январь 25, 2018 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад