Саридораи геология, Палатаи савдо ва саноат ва «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 29 январи соли 2018 Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи дуюми соли гузашта маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор намуда, ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.
Нишасти матбуотии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 дар бинои Саридораи мазкур, нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 дар бинои Палатаи савдо ва саноат, нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» соати 09:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» гузаронида мешаванд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо бояд мувофиқа намоянд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 93 -512-12-88, 221-30-15).
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






