Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 январи соли 2018 дар қароргоҳи СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар брифинги Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони “Манъи паҳншавии аслиҳаи қатли ом: Чораҳои таҳкими эътимод”, ки таҳти раёсати Қазоқистон доир шуд, ширкат намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 18 январи соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин ҳамкории бисёрҷонибаи ду давлатро дар чаҳорчӯбаи СММ мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин 18 январи 2018 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Сироҷидин Аслов бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лиу Женмин мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, алалхусус Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба масъалаҳои ҷаҳонии об ва татбиқи саривақтии ҳадафҳои рушди устувор табодули назар намуданд.
Зимни суҳбат ҳамчунин Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 18 январи соли 2018 дар Қароргоҳи СММ бо Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БР СММ) Аҳим Штейнер мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ, аз ҷумла, раванди татбиқи лоиҳаҳои БР СММ дар робита ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, инчунин мусоидати БР СММ дар татбиқи барномаҳои марбут ба рушди устувори мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд






