Тоҷикистон ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад

Январь 10, 2018 14:24

ДУШАНБЕ, 10.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таърих, сарватҳои умумии фарҳангиву маънавӣ, инчунин анъанаҳои чандинасраи эҳтироми якдигар ва ҳамсоягӣ ба принсипҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳкурсии мустаҳкам гузоштанд.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои фазои бузурги фарҳангӣ-гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта буда, метавонанд рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро фароҳам оранд, барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳарду давлат мусоидат намоянд ва иқтидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардидаанд. Аз соли 1995 дар шаҳри Тошканд Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду ҷумҳуриро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Дар ҳолати имрӯза асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро 111 созишнома ва аҳднома ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то имрӯз дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд.

Санадҳое, ки миёни ду давлат қабул шудаанд, самтҳои муҳими ҳамкориро дар бар гирифта, барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорию иқтисодӣ ва ғайра заминаи мустаҳками ҳуқуқиро ба вуҷуд овардаанд.

Санадҳои асосие, ки дар сатҳи роҳбарони ду давлат ба имзо расидаанд, самтҳои муҳимтарини муносибатҳои тарафайнро муайян месозанд, Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 январи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000 мебошанд.

Дар ин санадҳо байни тарафҳо асосҳои муносибатҳои дутарафа муайян карда шуда, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти якдигар, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, ҳаракат ба робитаҳои иқтисодии мутақобила таҷассум ёфтаанд.

Вохӯриҳои дуҷониба, ки пайваста дар сатҳи олӣ ба вуқӯъ мепайванданд, ҷиҳати густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.

Боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон (декабри с. 2001) ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳарду давлат такони тоза бахшид.

Баргузории ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва масъалаҳои сарҳадӣ (августи с.2002 ва феврали с.2009) гувоҳи он аст, ки раванди муносибатҳои ҳарду мамлакат тамоюли густаришёбандаро ба худ касб менамояд. Аҳамиятнокии ҷаласаҳои мазкур дар он ифода мегардад, ки мушкилиҳои дар муносибатҳои тарафайн ҷойдошта таъкид гардида, роҳҳои ҳалли он муайян карда мешаванд. Аз ҷумла, зимни ҷаласаҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои электроэнергетика, хоҷагии об, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва инчунин ҷалби васеи доираҳои соҳибкорӣ ва саноати ду кишвар ба раванди тавсеаи муносибатҳои тиҷорию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба натиҷаҳои он санадҳои марбута ба имзо расидаанд.

Аз соли 2010 вохӯриҳо дар сатҳи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ пайваста гузаронида мешаванд. Таҳлили табодули савдои дуҷониба нишон медиҳад, ки ду ҷумҳурии ҳамсоя барои ҳамкории муфид иқтидори кофии дорои имкониятхои фарохи истифоданашуда мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар замоне, ки муносибатҳо миёни абарқудратҳо мураккаб мегарданд, барқарор намудани муносибатҳои неки дӯстона миёни ҷумҳуриҳои ҳамсоя амри зарурӣ ва саривақтӣ мебошад. То замоне ки мамлакатҳои ҳамсояи як минтақа муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии созандаро ҷорӣ накунанд, барпо кардани робитаҳои байналмилалӣ бо давлатҳои минтақаҳои дигар ғайрисамаранок  мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаҳо инҷониб сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш гирифтааст, ки дар ин замина муносибат бо кишварҳои хориҷӣ беш аз пеш густариш меёбад. Ҳадафи асосии ин сиёсати созанда таъсиси бозори иқтисодии муосир, рушди соҳибкорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда маҳсуб меёбад. Сиёсати «дарҳои боз» чун меҳвари аслии муносибатҳои давлати мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи ҷумҳуриамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Тоҷикистон ин сиёсатро идома медиҳад ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ қадамҳои устувор мегузорад.

Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ «Ховар»

 

Январь 10, 2018 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Туркманистон ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии ҳамкорӣ дар Сюрих иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаҳои рӯзномаи давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид
Дар ҳамоиши фарҳангии «Рӯзи либоси миллӣ» дар Женева либосҳои тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуданд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон омад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд