«ҲУНАР БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР». Дар Хуҷанд намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад

Январь 23, 2018 11:47

ХУҶАНД, 23.01.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти унвони «Ҳунар – беҳ  аз симу зар»  намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ баргузор мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиш 24 январи соли равон дар бинои Кохи «Суғдиён»-и маркази вилоят бо намоиши ҳамаи намудҳои маҳсулоти дастии ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон бо пешниҳоди маърӯзаҳо аз ҷониби ҳунармандони касбӣ ва барномаи рангини фарҳангии санъаткорони шаҳр доир мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола баҳри дастгирӣ ва рушд додани фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳр грантҳои раиси шаҳр таъсис дода шуда, бонувони чирадаст дар ҷамъомадҳои тантанавӣ бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд.  Дар ин замина соли 2018 низ таъсиси 15 адад грантҳои раиси шаҳр барои ҳавасмандгардонии занони соҳибкору ҳунарманд пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон то имрӯз дар маркази вилоят якчанд маҳаллаҳо ҳамчун маҳаллаҳои ҳунармандон, аз қабили сандуқсозон, заргарон, гаҳворасозон, кулолгарон, мӯҳрабофону сабадбофон, читгарону қаннодон маъруф буда, инчунин омӯзиши ҳунарҳои дигари дастӣ ва меҳнати хонагӣ, чун қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, косибӣ ва ғайра дар марказҳои амалкунандаи ҳунаромӯзӣ низ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд.

 

 

 

Январь 23, 2018 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид