Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли СММ мулоқот намуд

Январь 19, 2018 12:05

ДУШАНБЕ, 19.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 январи соли 2018 дар Қароргоҳи СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла, масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни суҳбат ҳамчунин Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Январь 19, 2018 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд