Вазири нақлиёт ба фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 16.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ба фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баҳои баланд дод. Вазири нақлиёт ба директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Исматулло Абдуллозода барои ободонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, сохтмони се майдончаи варзишӣ дар шаҳри Душанбе ва бунёди бинои се ошёнаи толори ҳайатҳои расмӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Бояд тазаккур дод, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе /ФБД/ дар соли сипаригардида ба 1,3 миллион нафар мусофир хизмат расонидааст, ки ин омор дар қиёс ба соли 2016 — 148,8 ҳазор нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Фурудгоҳи Душанбе иттилоъ доданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин давра ба 5549 хатсайри доимӣ хизмат расонида шуд, ки назар ба соли 2016 89 хатсайр бештар аст. Инчунин ба фурудгоҳ доир ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 1191 эрод ворид гардид, ки назар ба соли 2016 202 эрод зиёдтар мебошад. Аз 1191 эроди воридгардида 1172 он қонеъ гардонида шуда, 19 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Ҳамзамон соли гузашта 1296 ҳолати ба таъхир гузошта шудани парвозҳо ба қайд гирифта шудааст. Сабабҳои асосии таъхири парвози ҳавопаймоҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба омилҳои дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз (904 ҳолат), дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо – 230 ҳолат), номусоидии обу ҳаво (65 ҳолат, ҷорӣ будани реҷа – 24 ҳолат) рабт дода мешаванд.
Инчунин бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда 2473 тоннаро ташкил дод, ки назар ба соли гузашта 153 тонна зиёд аст. Ҳамзамон соли сипаригардида ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии тавассути анбори тиҷоратии ФБД қабулгардида наздик ба 220 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 100 тонна зиёд мебошад.
Бинобар иттилои манбаъ, дар назди кормандони ФБД вазифа гузошта шуд, ки соли равон ба масъалаҳои ҳолати тайёрии ФБД ба санҷиши навбатии ИКАО, натиҷаҳои татбиқи барномаи миллии бехатарии авиатсионӣ барои солҳои 2015-2020 дар фурудгоҳи Душанбе, роҳҳои кам кардани теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошта шудани парвозҳо ва беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар фурудгоҳ диққати ҷиддӣ диҳанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






