ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Январь 18, 2018 12:01

ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ошкорсозии ҷинояти содиршуда вазифаи авалиндараҷаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб мешавад. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон  ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак чанде аз онро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ баъди 10 сол

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 56-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро, ки пеш бо моддаҳои 314 қисми 1 ва 245 қисми 2 суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

Номбурда солҳои 1996-2008 ҳамчун раиси ҶСП «Урунхоҷаев» фаъолият намуда, соли 2008 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 30 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ба фурӯш баровардани маҳсулоти сохтмонии бесифат

Зимни андешидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Турсунзода, соҳибкор, ҳамчун гумонбар дар фиреби истеъмолкунандагон дастгир карда шуд. Номбурда бо мақсади ба фурӯш баровардан ва ба даст овардани маблағи пулӣ, дар мағозаи фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, ба марди 34-солаи сокини деҳаи Туда ба миқдори 50 адад маҳсулоти сохтмонии «Шпаклёвка», тамғаи «Адинекс МК» ва 10 адад «Родбанд-Элемент»-ро ба маблағи умумии 1500 сомонӣ фурӯхтааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси Институти кимиёвии ба номи В.И.Никитинаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти сохтмонии мазкур ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ намебошанд.

Шикори ғайриқонунии бузи кӯҳӣ

Аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Сангвор зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон: марди 52-солаи сокини ноҳияи мазкур ва ду марди 45 ва 42-солаи сокинони шаҳри Душанбе дар дидбонгоҳи марказии ноҳияи Сангвор бо мошини шахсиашон- тамғаи «Тайота Ланкрузер» дастгир карда шуданд.

Номбурдагон 15 январи соли 2018 аз мавзеи мазори «Ҳазрати Бурх» ғайриқонунӣ 1 сар бузи кӯҳии сибириро, ки арзишаш 5000 сомониро ташкил медиҳад, шикор намудаанд.

Тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда

Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини шаҳри Душанбе, собиқ директори филиали ҶСП «Тоҷикпромбонк», воқеъ дар ноҳияи Сино, ҳамчун гумонбар дар тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда дастгир карда шуд. Номбурда бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ва бо истифода аз мансаби ишғол намудааш 31 октябри соли 2008 ба номи марди 45-солаи сокини кӯчаи Ҷомии пойтахт аз бонки мазкур 150 000 сомониро гирифта, аз они худ кардааст.

Ӯ бо ҳамин роҳ 24 феврали соли 2009 ба номи марди 54-солаи сокини кӯчаи А.Навоии пойтахт аз бонки мазкур 32 500 сомонӣ гирифта, онро низ аз они худ кардааст.

Ҳамин тариқ, номбурда 3 апрели соли 2008 ба номи зани 52-солаи сокини кӯчаи А.Навоии шаҳри Душанбе аз бонки мазкур 107 000 сомонӣ гирифта, ба манфиати худ истифода кардааст.

Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ  давом доранд.

 

Январь 18, 2018 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид