«ЗИ ҲУШАНГ МОНД ОН САДА ЁДГОР… » 30 январ дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳои варзишии шаҳру навоҳии Тоҷикистон ин ҷашни бостонии тоҷикон таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба таври васех ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни Сада 30-юми январи соли равон дар тамоми боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдонҳои варзишии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти Тоҷикистон ин ҷашни бостонии тоҷикон таҷлил карда мешавад.
Воқеан ҳам Сада ҷашни қадимтарини халқи тоҷик ба шумор рафта, маънояш бо шумораи сад (сад фарзанди Каюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд аст. Ба андешаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки он аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ин ҷашн аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст ва онро аҷдодонамон ба шукронаи пайдо гаштани оташ меоростанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти бадастомада иди Сада аз нав эҳё гардид ва ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Дар робита ба таъриху пайдоиши ин ҷашни ниёгон мухбири АМИТ «Ховар» бо сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ ПАРТОЕВ суҳбат намуд.
Ба гуфтаи Қурбоналӣ Партоев, мувофиқи махзанҳои таърихӣ, иди Сада таърихи аз 3000 то 5000-соларо доро мебошад. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст, Ҳушанг мебошад.
«Бояд зикр намуд, ки дар аксари китобҳои ориёӣ мавҷудияти ҳаётро ба чор омил – ҳаво, хок, обу оташ вобаста медонанд. Дар ин ҷо оташ омили гармӣ дар муқобили сардӣ буда, нармиву ҳаловатбахширо таҷассум менамояд. Ва боз ҳам дар махзанҳои таърихӣ он ақидае маҳфуз аст, ки иди Сада аз давраҳои пайғамбарии Зардушт оғоз ёфтааст. Иди Сада давраи аз ҳолати хунукӣ ва карахтӣ баромадани табиату набототу ҳайвоноти оламро ифода менамудааст. Ин идро ба ориёнажодон мансуб медиҳанд, зеро аҷдодони мо дар охири фасли сармо дар майдонҳои васеъ ҳезум ҷамъ намуда, оташ меафрӯхтанд. Яъне, онҳо ба ин восита боз ба гармӣ, рақсу бозӣ ва хурсандиву хушҳолӣ гузаштанро талқин менамуданд»,- иброз дошт доктори илмҳои кишоварзӣ.
Тоҷикон, ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буданд, асосан бо меҳнату заҳмати хеш маводи истеъмолӣ ба даст меоварданд. Аз ин рӯ аввалин тарғибкунандагони ин иди аҷдодӣ онҳо мебошанд. Баъди ҷашни иди Меҳргон ва ҷамъоварӣ намудани маҳсули кори яксолаи деҳқонон, кишоварзон дар фасли тирамоҳ, бо гузаштани 90-100 рӯз боз барои корҳои нави кишоварзӣ камар мебанданд. Аз ин лиҳоз иди Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нави кишоварзист. Ба маънои дигар, афрӯхтани оташ дар маҳал ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан маънои онро дошт, ки баъди сардиву карахтии фасли зимистон, мебояд боз ба гармиву хушиҳои зиндагӣ рӯй овард. Бо афрӯхтани оташ дар назди хонаҳо ва дигар ҷойҳои муайян, дар марҳилаи гузаштани фасли зимистон мардуми зиндадили ориёнажод нишон медоданд, ки бо истифодаи қувваи оташ, бо матонати дили гарму нармашон мардуми оламро ба ободкорӣ, меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ҳидоят менамоянд.
Ҳамин тариқ, бо ҷашн гирифтани иди Сада ниёгони ориёнажоди мо ба ҷаҳониён нишон медоданд, ки онҳо омодаи корҳои нав, фаъолияти пурмаҳсул ва аввалин созмондиҳандагони зиндагиву ҳаёти навин мебошанд ва ин ҷашнро дар қатори идҳои дигари ориёгҳо — Меҳргону Наврӯз ҷашн мегиранд. Иди Сада ифодаи камарбандӣ ва омодагӣ ба фасли нав дар умри инсонӣ – фасли баҳор ва иди Наврӯз ба шумор меравад.
Ба иловаи сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Қурбоналӣ Партоев, имрӯз олимон, мутахассисон ва Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ин иди қадимии гузаштагон дар арсаи олам ва дар Созмони байналмилалии ЮНЕСКО расман ба қайд гирифта шавад. Гарчанде ки иди Сада мероси мардуми тоҷику машриқзамин аст, месазад, ки ин мерос ба шакли расмӣ дар арсаи байналмилалӣ таҷлил гардад. Зеро он метавонад ба рушду ҳувияти наслҳои имрӯзаву оянда таъсир расонида, онҳоро ба меҳнату ободкорӣ ҳидоят намояд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»