«ҶАВОНОН – ҶОНИБДОРИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ!». Дар Душанбе оид ба таблиғи роҳу усулҳои беҳдошти саломатии аҳолӣ мулоқот баргузор гардид

Февраль 9, 2018 10:04

ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Душанбе вохӯрии масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолон ва сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе доир гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадаф аз мулоқоти мазкур таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва беҳдошти вазъи сиҳатии омма мебошад.

Дар мулоқот зикр гардид,  ки ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Давлат ва Ҳукумати  Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр қарор дошта, баҳри беҳдошти сиҳатии омма ва пешгирии бемориҳо барномаҳои зиёди давлатӣ қабул ва  роҳандозӣ гардида истодаанд.

Тавре зикр гардид, ҷиҳати пешгирии касалиҳои сироятӣ барномаҳои миллии муқовимат барои солҳои 2005–2010,  баъдан барои солҳои  2011-2015 ва ахиран барномаи навбатӣ барои солҳои 2017–2020 қабул гардидаанд, ки ин далел аз ғамхории доимии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сокинони мамлакат дар роҳи пешгирӣ ва табобати ин гуна маризиҳо мебошад.

Иштирокдорони мулоқот таъкид намуданд, ки имрӯзҳо на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар саросари ҷумҳурӣ дар самти табобат ва муолиҷаи беморон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ба иттилои масъулин, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, вируси норасоии масунияти одам дар байни аҳолии шаҳри Душанбе, бахусус ҷавонони синну соли никоҳӣ ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва миёнаи умумӣ аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳои алоҳида дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ силсилачорабиниҳои мухталифи оммавӣ-варзишӣ, пешгирикунанда, илмӣ-назариявӣ доир мешаванд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки  соли 2017 бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои пойтахт беш аз 70 майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шуданд, ки ин далели  ғамхории Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нисбат ба солимии ҷомеа мебошад.

Бо мақсади беҳдошти саломатии наврасону ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз ҳар гуна омилҳои номатлуб соли равон дар шаҳри Душанбе боз 92 майдончаи дигари варзишӣ ба истифода дода мешавад.

 

 

Февраль 9, 2018 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд