БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: сатҳи таваррум дар моҳи январи соли 2018 тамоюли тағйирёбии муътадил дошт
ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳи январи соли ҷорӣ 0,4 фоизро ташкил дод.
Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ба таварруми ҳосилшуда асосан болоравии арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 2,9 фоиз таъсир расонид. Аз ҷумла, баландшавии арзиши хизматрасониҳои пулӣ асосан аз ҳисоби қиматшавии мавсимии нархи чиптаи ҳавопаймо (хатсайри байналмилалии Душанбе — Москва) ба андозаи 82,2 фоиз ба амал омадааст.
Инчунин дар ин давра тағйирёбии нисбатан муътадили нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ба андозаи 0,1 фоиз ва коҳиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 0,1 фоиз мушоҳида гардид. Аз молҳои ғайрихӯрокворӣ асосан нархи бензин 1,1 фоиз қимат шудааст. Коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ асосан аз ҳисоби арзон шудани нархи орди навъи 1 ба андозаи 1,0 фоиз, нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 0,4 фоиз ба вуқӯъ пайваст.
Ҳамин тариқ, саҳми тағйирёбии нархҳои истеъмолӣ дар таварруми моҳи январи соли равон чунин арзёбӣ гардид: хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 0,44 банди фоизӣ, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,03 банди фоизӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ -0,06 банди фоизӣ.
Сатҳи таварруми солона дар 12 моҳи охир дар моҳи январ ба 6,5 фоиз баробар гардида, нисбат ба моҳи декабри соли 2017 0,2 банди фоизӣ поён рафт. Нишондоди мазкур мувофиқ ба ҳадафи мақсадноки муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон 7 (±2%) фоизи солона тағйирёбии муътадил дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию қарзии шаффоф ва пайгиронаро амалӣ намуда истодааст, ки он тавассути истифодаи фишангҳои монетарӣ, пеш аз ҳама, меъёри бозтамвил барои танзими ҳаҷми пул ҷиҳати бартараф намудани таъсири фишорҳо ба сатҳи нархҳо ва ба ин васила, ноил гардидан ба ҳадафи мақсадноки таварум равона мегардад.









Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид






