Дар Душанбе аввалин истгоҳҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 05.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахт 36 адад истгоҳҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иншооти мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани симои пойтахт ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои шаҳрвандон, ҳамчунин пешниҳод намудани хизматрасониҳои босифат барои сокинону меҳмонони шаҳр бунёд гардидаанд.
Хотиррасон менамоем, ки истгоҳҳои муосир дар асоси лоиҳаи ҶДММ «ҶиЭм-Партнёр» дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бунёд гардида, рӯнамоии намунаи аввали он моҳи августи соли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифта буд. Дар ҷараёни шиносоӣ бо лоиҳаи истгоҳ Раиси шаҳр ба масъулин дастур дода буданд, ки зимни бунёди чунин иншоот ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва истифодаи масолеҳи хушсифати маҳаллӣ диққати махсус дода шавад, зеро ки иншооти мазкур солҳои зиёд бояд ба мардум хизмат намоянд.
Истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёри байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шуда, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба мусофирон оид ба вақт, рақами хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошанд.
Ҳамчунин тибқи лоиҳа дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст. Истгоҳҳои замонавӣ дар кӯчаҳои асосии шаҳр аз назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то қисмати шимолии пойтахт — майдони Сарҳадчиён бунёд шудаанд.
Бо назардошти ҷойгиршавӣ ва шумораи мусофирони нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ дар 18 истгоҳ дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷалла ва дигар лавозимоти зарурӣ ба мизоҷон хизмат мерасонанд.
Маблағи умумии сохтмони иншооти мазкур беш аз 9 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои масъулини сохтмон, зимни бунёди истгоҳ ва иншооти хизматрасонии он аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ истифода шудааст. Ҳудуд ва атрофи истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, ки ин ба таъмини хизматрасонии босифат мусоидат хоҳад кард.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли сипаришуда аз ҷониби КВД «Ободонии шаҳри Душанбе» ва ҶДММ «Фарзин» оғоз гардида, давоми 4 моҳ пурра ба анҷом расонида шуданд.
Бояд гуфт, ки истгоҳҳои наву муосир дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо дарназардошти стандартҳои байналмилалии ҷавобгӯ ба талаботи муосири хизматрасонӣ ва шаҳрсозӣ сохта шуда, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ мусоидат менамоянд.













Рустами Эмомалӣ: «Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 62 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд»
Тарҳи нави лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд






