РӮЗҲОИ ЯПОНИЯ ДАР ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали фарҳангии кишвари ба мо дӯст доир карда мешавад

Февраль 14, 2018 10:31

ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 17 ва 18 феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои Япония баргузор мегарданд, ки дар доираи онҳо Фестивали фарҳангии Япония  доир карда  мешавад.

Дар ин бора аз Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, Рӯзҳои Япония бо мақсади намоиш додани дӯстии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ташкил гардида,  тамошобини тоҷик имконият пайдо мекунад, ки дар муҳити воқеӣ бо фарҳангу анъанаҳои Япония шинос гардад.

Тибқи барнома, Рӯзҳои Япония 17 феврал соати 10:00 бо намоиши филми «Ҳеҷ кас маро назорат намекунад» (яп. 誰も知らない — Дарэ мо сиранай) оғоз меёбад.

Сипас   маросими машҳури “санъати омодасозии чой” (Tea Terra)   пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон гардонда  мешавад, ки ҳанӯз дар қарни  16 ба вуҷуд омадааст.

Дар идома баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба дастгирии шахсони дорои масъулияти маҳдуд баъзе намоишҳо низ сурат мегиранд.

Дар нимаи дуюми рӯз маросими кушодашавӣ ва баъд аз он барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон Гулум Касимбаева аз Қирғизистон, Матлуба Раҳимова аз Тоҷикистон ва Александр Ивашин аз Консерваторияи шаҳри Москва баргузор мешавад.

18 феврал намоиши ҳунарҳои маъруфи ҳарбзании японӣ аз ҷониби варзишгарон аз федератсияҳои айкидо, каратэ, сумо, кудо, кёкушинкай – каратэ ва варзишгарони маъюб, ки Будо-фестивал ном дорад, ба ҳозирин пешниҳод мегардад.

Бояд зикр намуд, ки Фестивал бо ибтикори Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмиллалӣ,  AAR Япония, дафтари Toyota дар Осиёи Марказӣ, «Тоҷ Моторс», Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия  ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода доир мегардад.

 

 

Февраль 14, 2018 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст