Дар Хатлон Форуми якуми занони ҳунарманд баргузор гардид

Февраль 21, 2018 12:01

 БОХТАР, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри  Бохтар бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Форуми  якуми занони  ҳунарманди вилояти Хатлон  таҳти унвони «Нақши занон  дар рушди  ҳунарҳои мардумӣ»    баргузор  гардид. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» аз  Раёсати кор  бо  занон  ва  оилаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон иттилоъ  доданд.

Дар  Форум раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини  раиси  вилояти  Хатлон Махфират  Хидирзода, намояндагони илму  фарҳанг, занони соҳибкор  ва  фаъол, ҳунармандони маъруфи шаҳру навоҳии  вилоят ширкат варзида, дар мавзӯи  нақши занон  дар рушд  ва  эҳёи  ҳунарҳои мардумӣ,  бахусус  чакану  қуроқдӯзӣ ва зардӯзию заргарӣ сухан гуфтанд.

Раиси  вилояти Хатлон  иброз намуд,  ки  «занони вилояти Хатлон аз қадим бо ҳунарҳои дастии хеш маълуму машҳур мебошанд. Баргузории  ин гуна озмуну  фестивалҳо  ба  рушду равнақи ҳунарҳои мардумӣ   ва сайёҳӣ мусоидат мекунад.  Чунин  намоишҳо, аз ҷумла  Форуми занони  ҳунарманд  минбаъд дар  вилоят  мунтазам  гузаронида  мешаванд».

Дар доираи Форум намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ сурат гирифта, занони  моҳири Хатлон  бо пешниҳоди  маҳсулоти худ сайёҳон ва  меҳмононро  бо  усули  хоси санъату  ҳунари мардуми тоҷик  шинос намуданд.

Зимни Форум намоиши  ҳунарҳои мардумӣ  ва  озмун барои муайян кардани  соҳибкорзанони муваффақ  доир гардид.  Раиси  вилоят  бо  маҳсули дастони  занони  ҳунарманд  шинос  шуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд  дод.  Дар  вазъияти  ботантана  6   зани  ҳунарманди  Хатлон  ғолиби  озмуни «Соҳибкорзани  муваффақ»   дониста  шуда, бо  сипоснома  ва  мукофотҳои  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон  қадрдонӣ  карда шуданд.

Февраль 21, 2018 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд