Дар шаҳри Бохтар таҳияи Дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат баррасӣ гардид
БОХТАР, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар оид ба таҳияи Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2020-2021 бо иштироки гурӯҳи кории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов иброз дошт, ки соли 2017 пешравиҳо дар рушди иқтисоди вилояти Хатлон назаррасанд. Аз ҷумла, дар ин сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзуда, содироти маҳсулот нисбат ба солҳои пешин зиёд гардид.
«Зимни таҳияи Дурнамо масъулини бахши иқтисод бояд фаъолона иштирок намоянд ва таҳлилҳо дурусту асоснок бошанд, зеро он таъсири худро ба рушди ояндаи ҳамаи соҳаҳо мерасонад. Ба ин хотир ба семинари мазкур мутахассисон аз шаҳру навоҳии вилоят даъват карда шуданд. Дар назар аст чунин машваратҳои омӯзишӣ дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ гузаронида шаванд»,-изҳор намуд Раҷабалӣ Раҷабов.
Ёдовар мешавем, ки дар кори семинар муовинони соҳавии шаҳру ноҳияҳо оид ба масоили иқтисодӣ, мутахассисони бахши иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва масъулини ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок доштанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






