Дар шаҳри Ҳисор рӯзҳои наздик Комбинати коркарди шир ба кор шурӯъ менамояд

Февраль 13, 2018 15:45

ҲИСОР, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Рӯзҳои наздик дар шаҳри Ҳисор Комбинати коркарди шир ба кор шурӯъ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки сокинони пойтахти мамлакат бо шири хушсифат таъмин гарданд. Ин муждаро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон расонид.

Зикр шуд, ки соли сипаригардида аз «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» беш аз 26 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ боздид намуданд. Дар ин давра меҳмонон аз намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷию ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, инчунин сокинони мамлакат ва хонандагону донишҷӯён аз Қалъаи бостонии Ҳисор боздид намуда, бо таърихи он шинос шуданд.

 

Ба иттилои Ш. Ҷумазода, соли сипаришуда заҳматкашони шаҳри Ҳисор ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Соли гузашта онҳо ду ҳазору панҷсаду шасту панҷ тонна пахта ҷамъ оварда, нақшаро 108 фоиз иҷро карданд. Тибқи нақша, масоҳати кишти пахта дар шаҳр тадриҷан зиёд мешавад.

«Сокинони шаҳри Ҳисор вазифадоранд, ки ҳар ваҷаб заминро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд ва аз он пурсамар истифода баранд. Зеро афзоиши босуръати аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим моро водор менамояд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои амалӣ андешем»,-иброз дошт раиси шаҳри Ҳисор.

 

 

Февраль 13, 2018 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд