ЭССЕ МЕНАВИСЕМ. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дарси навиштани эссе ҷорӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 феврали соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти бори аввал ҷорӣ шудани дарси эссе дар имтиҳоноти дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади омодагии хатмкунандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ навиштани эссе ҷорӣ гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дарси навиштани эссе дар байни синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ аз 1 феврали соли 2018 то анҷоми соли хониш ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, навиштани эссе дар як ҳафта се соат- як соат аз ҳисоби дарси забони модарӣ, як соат аз ҳисоби дарси адабиёт ва як соат аз ҳисоби дарсҳои факултативӣ, захиравӣ ва ё дигар имконоти дохилии муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
Омӯзгорони фанни забон ва адабиёт вазифадор карда шудаанд, ки ҳангоми тафтиши эссе бештар ба риояи қоидаҳои имло, аломати китобат ва услуб диққат дода, хонандагонро талқин намоянд, ки дар навишти эссе аз истифодаи калимаю ибораҳои шевагӣ ва ҷумлаю ифодаҳои мушкилфаҳм худдорӣ намоянд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






