ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2018 омода мешавад

Февраль 8, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 08.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол  омодагии худро ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё-2018 шурӯъ кард.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мубин Эргашев 23 бозингар, аз ҷумла,  3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

Ҷамъомадҳои таълимию тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон то 20 феврал дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардида, дар ин муддат футболбозони тоҷик чор вохӯрии санҷишӣ доир мекунанд.

Чемпионати Осиё-2018 миёни бозингарони то 19-сола  аз 18  октябр то 4  ноябр дар Индонезия сурат мегирад.

 

Февраль 8, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид