ФУТБОЛ: «Регар-ТадАЗ» ба финали Ҷоми ФФТ роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии якуми даври нимфиналии мусобиқоти Ҷоми ФФТ миёни дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва КМВА «Помир»-и Душанбе баргузор шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин дидор бо ҳисоби 4:2 ба нафъи дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» ба поён расид.
Вақти асосии бозӣ бидуни гол паси сар шуд. Баъд аз ин довари марказӣ ду қисми иловагӣ таъйин кард. Дар ин ҳолат бозингарони дастаи КМВА «Помир» аввалин шуда, бо ташаббуси Идибек Ҳабибуллоев ҳисобро боз намуданд. Аммо дере нагузашта, ҳамлагари дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» Дороб Эргашев таносубро барқарор сохт. Дар задани сислсилазарбаҳои 11-метра бахт ба рӯи футболбозони дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» хандиду роҳхати даври финалии Ҷоми ФФТ-ро ба даст оварданд.








Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд






